Терроризм падидаи номатлуб дар ҷомеа

1,092 просмотров

 

 

 

 

Дар марҳилаи нави таърихи башарӣ рушд ёфтани фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ ва террористии байналмилалӣ боиси таассуфу нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Ҳудуди фаъолияти ин ташкилотҳо рӯз то рӯз сарҳади давлатҳои алоҳидаро рахна сохта, характери фаромилӣ ва глобалӣ касб карда истодааст.

Ҳақ бар ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки мегуяд: «Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».

Имрӯз баъзе аз давлатҳо иделогия ва амалҳои зишту касифи ташкилотҳои террористии байналмилалиро дастгирӣ ва пуштибонӣ намуда, онҳоро барои ноил шудан ба ҳадафҳои геополитики худ ҳамчун олот истифода мебаранд.

Қисмати мардуми мусулмонтабор, ки аз фарҳангу маданияти исломӣ фаҳмиши воқеӣ надоранд ба идеяҳои ҷосусони бегона дар роҳи ташкил кардани «хилофати исломӣ» фирефта шуда, бо дасти худ мардуми мусалмонро ба қатл расонида, манфиатҳои пардапуши душманони дини мубини исломро ҳимоя менамоянд.

Зеро дини мубини ислом тамоми амлҳои зишту касифро нисбати пайравони кадом дине набошад маҳкум намуда, дар китоби осмонии худ Худованд мардуми мусалмонро ба роҳи сулҳу осоишта ва ба ҳам овардани бародарони худ ҳидоят месозад, чунончи дар сураи «Ҳуҷурот ояти 10» омадааст: «Мусулмонҳо бо ҳам бародаранд. Оштӣ андозед бародарони худро ва битарсед аз Худо то бар шумо раҳм карда шавад».

Новобаста ба он, ки ҷараёни иртиҷоӣ, ифротгаро, тафриқаандоз ва ва сиёҳафкору ҷангҷуй аз номи Худову Расул ҳарф мезананд, мусаллам аст, ки мазмуну муҳтавои оятҳои «Қуръон» ва ҳадисҳои Расули Акрам (с) танҳо хирадмандӣ, сулҳхоҳӣ ва тоқатпазириро талқин менамоянд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди афкори исломии созанда равона мебошад, ки хизматҳои арзандааш дар таърих бо ҳарфҳои зарин сабт хоҳанд шуд.

Бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат китоби муқадасси мусалмонон – «Қуръони маҷид» чаҳор маротиба аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума гардида, ба таври ройгон ба мардуми Тоҷикистон тақдим гардид. Соли 2009 дар Тоҷикистон соли бузургдошти Эмоми Аъзам (Абуҳанифа) пешвои яке аз мазҳабҳои муқтадиртарини дини ислом дар сатҳи олимону исломшиносони дунё ҷашн гирифта шуд.

Зеро кӯшишҳои роҳбарияти давлат танҳо ба манфиати мусалмонон, ақоиди бунёдкоронаи дини ислом ва муқовимат намудан ба идеологияи таҳрифшудаи динии ҳаракатҳои экстремистию террористӣ равона карда шудааст, ки ба амнияти мардуми шарифи Тоҷикистон хатар эҷод кардаанд.

Бояд тазаккур дод, муҳоҷират яке аз падидаҳои иҷтимоӣ буда, ҳамасола шаҳрвандони мо барои пайдо намудани ҷойи кор бештар ба Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои дурру наздик ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар мекунанд. Аксарияти муҳоҷирони меҳнатӣ шаҳрвандони аз 18 то 35 сола буда қисме аз онҳо бинобар надоштани ҷавшани илму маърифат (паст будани дониши онҳо), динӣ (аз аркони ислом хуб бохабар набудан), боиси ҷалб намудани онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ мегардад. Раванди моилшавии ҷавонон аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ба гуруҳҳои ифротӣ ин ба таври мунтазам ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ тағрибу ташвиқ ёфтани идеологияи экстремистӣ- террористӣ дар байни тамоми қишри ҷомеа мебошад.

Пешгирии моилшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ба гуруҳҳои ифротӣ чораҳои комплексӣ ва бисёрҷонибаро тақозо намуда, дар амалӣ сохтани он бояд тамоми мақомоти давлатӣ ва қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолона ширкат варзида дар ҳамбастагӣ мубориза баранд.

Бинобар ин моро зарур аст, ки корҳои таблиғотию ташфиқотиро дар байни мардум аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, хатмкунандагони мактабҳои миёна ва донишҷуёни литсейҳои касбӣ ҷоннок намуд, бештар онҳоро барои рӯ овардан ба фарҳанги оламшумули миллати хеш, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, пос доштани якпорчагии давлат роҳнамоӣ кунем

Бештар бо истифода аз ашъори ниёгон аз ҷумла Шоҳномаи Абулқосим Фирдавсӣ, Маснавии Ҷалолиддин Балхӣ ва дигар панду андарзҳои гузаштагон метавон руҳияи ватандустии ҷавононро бедор намуда, осоиштагии Тоҷикистони азизро устувор нигоҳ дорем.

 

Маҳмадуллозода Хайриддин Мусо   

                                       сардори шуъбаи муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ