Дар асоси нақшаи нав

1,057 просмотров

 

 

Сохторҳои зертобеи Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд оғоз аз нимаи дуюми моҳи январ дар самти бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқоту тарғибот вобаста ба муҳоҷирати бехатар, пешгирии воридшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, мубориза ба муқобили бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО ва сил, танзими муҳоҷирати дохилию экологӣ, баргардонидани қарзҳои имтиёзноки муҳлаташон баохиррасида ва истифодаи босамар аз имконияту имтиёзҳои барои муҳоҷирон фароҳамовардашуда аз рўи нақшаҳои кории худ корҳои муайянро ба иҷро расонида истодаанд.

Дар ин радиф  ҳафтаи равон роҳандозии чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ аз рўи нақшаи наве, ки Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Шўрои уламои дини вилоят таҳияву тасдиқ намудаанд, дар шаҳру ноҳияҳо оғоз ёфт. Албатта, дар ин самт онҳоро ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаҳои маҳалла ва фаъолони ҷомеа ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд. Дар ин радиф тибқи нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ низ корбарӣ идома меёбад.

9-уми феврал дар Ҷамоати деҳоти Ғўлакандоз ва 11-уми феврал дар Ҷамоати шаҳраки Меҳробод бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират ва шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар ноҳияи Ҷаббор Расулов чорабинии муштарак доир гардид. Дар назди ҳозирин муовини раиси ҷамоати Ғўлакандоз Б. Раҳмонов, раиси Ҷамоати шаҳраки Меҳробод Ҳ. Тўйчиев, сардори шуъбаи КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия М.Навбаҳоров, корманди ҳамин шуъба И. Бобониёзов, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират О.Узоқов ва сархатиби ноҳия А. Ҳоҷиев суханронӣ намуда, дар симои аҳли толорҳо тамоми муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро ба худшиносию ватандўстӣ, бунёдкорию созандагӣ, аз даст надодани ҳушёрии сиёсӣ, бовар накардан ба иғвоандозиҳои душманону бадхоҳони миллат ва нагаравидан ба ҳар гуна азҳоби тундраву иқротгаро даъват намуданд.

Дар мулоқоте, ки 12-уми феврал дар МТМУ №8.-и шаҳри Хуҷанд бо ҷалби 150 нафар шаҳрвандон доир гардид, намояндагон аз шуъбаи робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва прокуратураи шаҳр  низ иштироку суханронӣ карданд.

13-уми феврал ҳамин гуна чорабинӣ дар Ҷамоати шаҳраки Обшорони ноҳияи Мастчоҳ низ доир шуд.

Мардон ҚУРБОНОВ