Ба манфиати кор

992 просмотров

Мақсади имрӯзаи фаъолияти кормандони шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»-и Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе бурдани корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.

Бояд қайд кард, ки ҳамарӯза пеш аз ворид шудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ-муҳоҷирони меҳнатӣ ба толори фрудгоҳ, кормандони масъули шуъба бо ҳар як шаҳрванд дар алоҳидагӣ оид ба будубош, тағйиру иловаҳо дар қонунгузории Федеролии Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ суҳбатҳо намуда, ба онҳо буклетҳо тақдим намуда, онҳоро дубора водор месозанд, ки қонунҳои будубоши ин кишварро дидаву дониста вайрон накунанд.  Пеша аз ҳама, онҳо баъди ба қаламрави Федератсияи Россия ворид шудан, ҳатман иҷозаи кор, патентро фаромӯш накунанд, то ин ки дар қаламравӣ ин кишвар оромона кору фаъолият намоянд.

Бори дигар ба шаҳрвандони мамлакат расониданием, ки аз 1 январи соли 2015 тибқи қонунгузории Федеролии Россия ҳатман аз фанни забони русӣ, таърих ва қонунгузории ФР имтиҳонот месупоранд. Шахсоне, ки онро бомуввафақият месупорад соҳиби Сертификат мешавад, ки он ҳуқуқи  гирифтани иҷозати кор ва патент мегардад.

Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки пеш аз сафар ба кишвари Федератсияи Россия ҳатман забони русӣ, таърих ва қонунгузории ин кишварро аз худ намуда, баъд ба сафар бароянд. Дар ҳолати надонистани ин номгӯъ аз сафари хеш худдорӣ намуда ба Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намоянд.

                                                                               Анвар ЮСУПОВ