Сафарбаркунии зодагони ҷануби кишвар аз вилояти Суғд

801 просмотров

 

Давоми моҳи апрел аз байни субъектҳои хоҷагидори вилояти Суғд дар самти муташаккилона сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғдиён Помир Тур” фаъолнокӣ зоҳир намуд. Ин раванд махсусан дар даҳаи сеюми моҳи апрел тақвият ёфт.

Аз ҷумла 29-30-юми апрел дар мувофиқа бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 2 гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатӣ ба шаҳри Оренбурги Федератсияи Русия сафарбар шуданд.

Бино ба иттилои роҳбаладон Назира Абдуллоева ва Маҳадес Саидқосимова ба ҳайати ин гурӯҳҳо асосан сокинони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, аз ҷумла Турсунзода, Ёвон, Қубодиён, Ҷайҳун, Шаҳритуз шомил буданд.

Дар маҷмӯъ дар ҳайати ин гурӯҳҳо 101 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ба муҳлати аз 3 то 9 моҳ ба кишвари Рус гуселонида шуданд.

 

                                                                      Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                                          дар вилояти Суғд