ГУСЕЛИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ БА НОВОКУЗНЕТСК

809 просмотров

 

Аз рӯи мувофиқа намудани рӯйхати муҳоҷирони меҳнатии сафарбаршаванда бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва ба хориҷа сафарбар намудани онҳо ба назар чунин менамояд, ки вақтҳои охир аз ҷумлаи субъектҳои хоҷагидори вилоят танҳо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдиён Помир Тур» фаъолияти муназзам дорад. Воқеан ҳам, чанд гурӯҳи муҳоҷирони давоми моҳи май ба минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия сафарбаргардидаро маҳз ҳамин ширкат сафарбар намудааст.

22 май ҶДММ «Суғдиён Помир Тур рӯйхати гурӯҳи навбатии муҳоҷирони меҳнатиро барои интиқол додан ба шаҳри Новокузнетск бо Раёсат мувофиқа кунонд. Ёдовар мешавем, ки ин мувофиқакунӣ ба хотири бақайдгирии муҳоҷирони меҳнатии сафарбаршаванда, муайян намудани шумора, ба даст овардани маълумоти зарурӣ оид ба ҳар нафари онҳо ва пешгирии сафарбаркунии шахсиятҳои шубҳаноку ноарзанда ба муҳоҷирати меҳнатӣ арзёбӣ мешавад.

Дар ҳайати гурӯҳи навбатӣ 39 нафар муҳоҷири меҳнатӣ аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Ашт ва роҳбалад Салима Ҷӯраева ворид шудаанд. Бино ба гуфти роҳбалад онҳо ба муҳлати аз 3 то 9 моҳ муҳоҷирати меҳнатиро ба нақша гирифта, ба хотири арзон будани нархи роҳкиро сафар бо нақлиёти автомобилии мусофиркашонро интихоб намудаанд.

 

Мардон ҚУРБОНОВ