КОРҲОИ ИТТИЛООТӢ ДАР ЧАШМАИ АРЗАНА

832 просмотров

 

Бо шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд дар ташкил ва гузаронидани чорабинии навбатии иттилоотӣ – маърифатӣ мақомоти корҳои дохиливу амнияти миллӣ, шуъбаҳои маориф, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд ва кумитаи маҳаллаи Чашмаи Арзана ҳамкорӣ намуданд.

Маҳаллаи мазкур аз ҷумлаи маҳаллаҳои нисбатан ҷавони шаҳр ба ҳисоб рафта, вобаста ба солҳои маскуншавии сокинон ба Чашма-1, Чашма-2 ва Чашма-3 ҷудо мешавад. Бунёди манзил ба сокиншавии шаҳрвандон дар маҳалла то имрӯз давом дорад.

Бо мусоидати шуъбаи маорифи шаҳр ва маъмурияти муассиса мулоқот дар толори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №25 гузаронида шуд. Дар рафти ин чорабинии иттилоотӣ ҳам асосман мавзӯи муҳоҷирати бехатар, пешгирӣ ва мубориза бо падидаҳои номатлуб ва хатарҳои ҷаҳони муосир мавориди баррасӣ қарор гирифт.

Баъд аз сухани муқаддимавии директори таълимгоҳ М. Узоқов намояндагони бахши Хапдамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд, мақомоти корҳои дохиливу амнияти миллӣ, шуъбаҳои маориф, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд дар маърӯзаҳояшон диққати аҳли толорро ба масоили доғи рӯз ва роҳҳои мубориза бо падидаҳои хатарзои ҷаҳони муосир ҷалб намуданд.

Дар умум 130 нафар шаҳрвандони гуногун касбукор, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар мулоқот иштирок доштанд. Зимни боздидашон аз гӯшаи маълумотдиҳии ташкилнамудаи шуъбаи Хадамоти муҳоҷират ва муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд ба онҳо  маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ тақсим гардид.

                                                                       Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират

                                                                                               дар шаҳри Хуҷанд