МУҲОҶИРАТИ ҚОНУНӢ –  ГАРАВИ САФАРИ БЕХАТАР

730 просмотров

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ширкати телевизион ва радиои «Шаҳри ман» аз ҷумлаи воситаҳои ахбори оммаи электронии ба истилоҳ «ҷавонтарин»-и вилояти Суғд буда, дар як фурсати кўтоҳ ба радиои дўстдоштаи пиру ҷавон табдил ёфтааст. Боиси хурсандист, ки ширкати мазкур аз оғози фаъолияти худ ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо эътибори махсус медиҳад ва дар ин самт ҳамкории босамарро бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба роҳ мондааст.

12-уми июли соли равон барномаи навбатии мустақими муштараки Раёсат ва ширкати мазкур таҳти унвони «Набзи зиндагӣ» доир гардид ва ба мавзўи «Муҳоҷирати қонунӣ – гарави сафари бехатар» бахшида шуд. Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷиратва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро  дар ин барнома мутахассиси пешбари шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Раёсат Рустамҷон Ҷамолов намояндагӣ кард.

Мавсуф дар баробари маълумот додан оид ба вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ дар вилоят тариқи саволу ҷавоб қоидаҳои муҳоҷирати бехатарро ба шунавандагон фаҳмонид. Дар маҷмўъ Рустамҷон Ҷамолов ба 10 саволи шаҳрвандон ҷавоб дод ва муҳоҷирони меҳнатиро ба риояи қонун, шомил нашудан ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро даъват намуд.

                                                                                      Мардон ҚУРБОНОВ