МАРҲИЛАИ ДУЮМИ АМАЛИЁТИ МАХСУС ОҒОЗ ШУД

706 просмотров

 

 

 

 

Бо мақсади таъмини иҷроиши талаботҳои саривақтии нақшаи гузаронидани амалиёти минтақавии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ва фармоиши якҷояи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон №212 аз 05.04.2018,  Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон №4 аз 02.04.2019, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон №68 аз 02.04.2019, ҳамзамон ҷиҳати иҷрои талаботҳои супориши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон №42/7- 1487 аз 02.04.2019 дар давраи аз 16 то 19 июл таҳти унвони “Нелегал – тобистон” чорабиниҳои оперативӣ – профилактикӣ ва амалиёти махсус оид ба муайян намудани роҳҳои нави муҳоҷирати ғайриқонунӣ, пешгирии фаъолияти гурӯҳҳои муташаккилонаи ҷинояткори ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва хариду фурӯши одамон машғулбуда гузаронида мешавад.

16-уми июл дар вилояти Суғд амалиёти махсус муташаккилона оғоз ёфт. Дар асоси барқияномаи Раёсати Хадамоти муҳоҷирати  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд сохторҳои зертобеъ гурӯҳҳои корӣ ташкил намуда,ба гузаронидани санҷишҳои назоратӣдар корхонаҳои муштараку ширкатҳои бо ҷалби қувваи кори хориҷӣ фаъолиятбаранда, бозору марказҳои калони савдо ва дилхушӣ, минтақаҳои серодам ва ҷойҳои ҷамъшавии теъдоди зиёди одамон  сар карданд.

Дар муқоиса бо солҳои қаблӣ соли равон чорабиниҳои оперативӣ – профилактикӣ ва амалиёти махсусбо номи шартии “Нелегал” дар се марҳила гузаронида мешавад. Марҳилаи сеюми он “Нелегал – тирамоҳ” унвон дорад.

 

                                                             Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                                 дар вилояти Суғд