Иқдомҳои ватандӯстонаи ҳамватанони бурунмарзӣ

937 просмотров

 

Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи 1300 рӯзи ободонию созандагии ба пешвози ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълонгардида бунёдкорӣ дар авҷ аст. Аз ҷумла, тибқи нақша бояд то соли 2021 дар миқёси шаҳри Истаравшан 450 адад иншооти таъиноти гуногун сохта шуда, аз ин миқдор соли равон 152 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор мегирад.

Падидаи ҷолиб он аст, ки дар самти ободу зебо гардонидани диёр дар баробари соҳибкорону тоҷирон, саховатмандону хайрхоҳон ва аҳли ҷамоатчигӣ ҳамватанони бурунмарзиамон ҳам саҳми шоиста мегузоранд. Ҳарчанд онҳо бо ҳукми тақдиру зиндагӣ дур аз Ватани аҷдодӣ умр ба сар мебаранд, ҳамеша бо ёди халқу диёри худ ҳастанд ва нисбати тақдиру ояндаи онҳо бетараф нестанд. Ин нукта зимни мусоҳибаи гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бо як гурӯҳ соҳибкорону ҳамватанони бурунмарзиамон дар шаҳрҳои Екатеринбург ва Красноярски  Федератсияи Русия бори дигар таъкид шуд.

Ёдовар мешавем, сафари гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Амирхон Қурбонзода дар асоси супориши Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади татбиқи амалии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 28.02.2015, №105 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2015 – 2020”, тақвияти ҳамкорӣ бо диаспораҳои ҳамватанон ва ҷалби онҳо ба раванди бунёдкорию созандагӣ буд.

Зимни мулоқотҳо дар баробари шинос шудан бо вазъи зиндагию фаъолияти меҳнатии ҳамватанони бурунмарзӣ аз ҷониби гурӯҳ корҳои ташвиқотию тарғиботӣ, барномаҳои фарҳангӣ ва муколамаи озод ба роҳ монда, мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии МИҲД-и шаҳри Истаравшан лоиҳаҳои ангоравии бино ва иншоотҳои ҷашнии ба нақша гирифташударо муаррифӣ намуд.

Аз ҷумлаи ҳамватанони бурунмарзии зодаи ин шаҳри бостонӣ, истиқоматкунандаи деҳаи Боғи калони Ҷамоати деҳоти Гули сурх Хайём Ҷамолов тасмим гирифт, ки ҷиҳати фароҳам овардани ҷойҳои нави кор дар шаҳраки бунёдшавандаи Баҳористон Маҷмааи савдою хизматрасонӣ ва фароғатӣ бунёд менамояд.

Ҳамчунин соҳибкорони дигар аз ҳамин ҷамоат баён доштанд, ки дар деҳаҳои Боғи калон ва Сари мазор бунгоҳи тиббӣ ва майдончаи варзишӣ ташкил намуда, бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз мегардонанд.

Як нафар соҳибкор аз Ҷамоати деҳоти Қалъачаи калон қавл дод, ки ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ ва таъмин намудани 40 нафар занону духтарони хонашин бо ҷои кори доимӣ сехи дӯзандагӣ ташкил менамояд.

Ҳамин гуна иқдомҳои ватандӯстонаро боз чандин нафари дигар бахшида ба ҷашни мубораку саиди умумимиллӣ ба роҳ монданианд.  Ба ин нафарони ватандӯст барору комёбӣ таманно намуда, итминон дорем, ки чунин иқдомҳои шоиста дар дигар шаҳру навоҳӣ низ пайравони худро пайдо мекунанд.

 

                                                                      Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                                           дар вилояти Суғд