Ба таваҷҷуҳи ҳамватанони муҳоҷир!!!

799 просмотров

Ҳамватанони гиромӣ, ба ҳеҷ ваҷҳ шиносномаҳоятонро барои гузоштани муҳри убури сарҳад (печати пересечение) ба каси дигар надиҳед!
Аслан, мувофиқи қонунгузори федералӣ дар давоми ҳар се моҳа сарҳадро убур намуда, аз нав регистратратсия кардан амали ғайриқонунист!

Барои ин амал қонунгузор чораи маъмурӣ дар шакли ҷарима ва ихроҷ (депорт) пешбинӣ кардааст, аммо дар ҳолатҳои истисноӣ дар давоми будубош зарурати убур кардани сарҳад пеш меояд.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР борҳо таъкид намудааст ва мутаассифона, муроҷиатҳои рӯзҳои охири ҳамватанон ба дафтари мо нишон медиҳад, ки бори дигар ба ин масъалаи муҳим баргардем!

Дар ягон ҳолат, гарчанд миёнаравон бо қасами ду дунё шуморо бовар мекунонанд, ки муҳри убури сарҳадро бе иштироки шумо бо  корти муҳоҷиратии «тоза» дастрас карда метавонанд, ба чунин нафарон бовар накунед ва шиносномаи худро надиҳед!

Убури сарҳад қоидаҳо ва шартҳои худро дорад, ҳар нафаре, ки сарҳадро мегузарад дар базаи мақомоти сарҳадӣ акси электронияш сабт мегардад – ин яке аз шартҳои маъмулист. Вақте, ки шумо шиносномаатонро ба касе бовар мекунед ва он нафар, гӯё муҳри убури сарҳадро ба шумо бо корти муҳоҷиратӣ (миграционная карта) дастрас мекунад, шумо, қабл аз ҳама иштирокчии ҷиноӣ мешавед. Мувофиқи  моддаи 327 Кодекси ҷиноии ФР ин амал таҳия ва истифодаи  ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ба ҳисоб рафта, аз 6 моҳ то 2 сол маҳрумият аз озодиро пешбинӣ менамояд!

Таъкид менамоем, бо ошкор шудани ҳолатҳои зиёд, айни замон мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Россия ҳангоми санҷишҳо ба муҳрҳои убури сарҳадӣ дар шиноснома буда диққат медиҳанд ва дар зарурат ба экспертиза равон мекунанд. Дар сурати ошкор шудани муҳрҳои қалбакӣ нисбати шумо парвандаи ҷиноӣ боз карда мешавад!

Аз ин лиҳоз, ҳамватанони гиромӣ ба ҳеҷ ваҷҳ ба ин амал даст назанед! Ҳуҷҷатҳоро дар вақташ таҳия кунед ва будубошу фаъолияти меҳнатиятонро тибқи қонун амалӣ намоед. Агар шароиту имконият надошта бошед, бигузор бо ҳуҷҷати муҳлаташ гузашта ҳам гардед, лекин ҳуҷҷати қалбакӣ накунед. Зеро бе ҳуҷҷати будубош гаштан чораи маъмурӣ ва бо ҳуҷҷати қалбакӣ ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ шудааст.
Мувофиқи қонунҳои амалкунанда будубош ва фаъолияти меҳнатӣ кунед, худро ба хатар нагузоред!

                                               Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва

                                                 шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират