Ин теғ на аз баҳри ситамгорон карданд…

897 просмотров

 

Зимни тамошои маҳсули ҳунари нотакрори усто Султон Нормаҳмадови истаравшанӣ беихтиёр ин абёти устод Рӯдакӣ ба ёд омад:

Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,

Наздики Худованд бадӣ нест фаромӯшт.

Ин теғ на аз баҳри ситамгорон карданд,

Ангур на аз баҳри набиз аст ба чархушт.

ва ба хулосае омадем, ки теғи буранда ҳам метавонад намунаи олии ҳунар бошад, зеро ҳар корди сохтаи ӯ ба сари худ як муъҷизаи ақлрабои дасти инсон аст. Мавсуф зодаи маҳаллаи Кордгарони шаҳри бостонии Истаравшан буда, ҳунари кордсозӣ барояш меросист ва онро аз қиблагоҳи бузургвораш омӯхтааст.

Бино ба иттилои усто Султон Нормаҳмадов дар қиёс  бо дигар шаҳру навоҳии кишвар дар шаҳри Истаравшан ҳунари кордсозӣ бештар равнақу ривоҷ дошта, ҳанӯз дар асри 15 ба як ҷузъи рӯзгори косибону ҳунармандон табдил ёфтааст. Ба ин гуфта метавон ҳаминро илова намуд, ки чи дар гузашта ва чи имрӯз Истаравшан яке аз марказҳои калони ҳунармандии минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад ва дар он ҷо на танҳо кордсозӣ, балки даҳҳо намуд ҳунарҳои мардумӣ равнақу ривоҷ доранд ва маҳз бо назардошти ин, тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд сол муқаддам Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Истаравшан таъсис дода шуд.

– Ба андешаи камина, – мегӯяд усто Султон, – меҳру шавқ ба қасбу ҳунари аҷдодӣ тавассути хун ҳам ба инсон мегузарад. Камина 4-5-сола будам, ки ба устохонаи оҳангарии падарам даро – баро мекардам. Маро ба ин кор касе ташвиқ ё маҷбур намекард, аммо ҳис менамудам, ки қувваи ноаёне барои назораи кору падар аз дарун таҳрикам медиҳад. Бо мурури замон, дар рафти ин даро – бароҳо нозукиҳои касби қиблагоҳро аз бар мекардам, медидам, ки аз як пора оҳани сиёҳ чӣ гуна мӯъҷиза офарида мешавад. Шояд баъзеҳо бовар накунанд, аммо ҳақиқати ҳол он аст, ки дар сини 11-солагӣ аллакай мустақилона аз ӯҳдаи кордсозӣ мебаромадам. Нахустин муштариёни ҳунарам мӯйсафедони маҳалла буданд, ки дар асоси дархосташон барояшон кордчаҳои кисагӣ сохта медодам.

На танҳо камина, балки кулли ҳунармандони шаҳри Истаравшан аз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузор ҳастем, ки дар партави сиёсати хирадмандонаашон касбу ҳунарҳои мардумии азбайнрафтаву рӯ ба инқирозоварда эҳё гардиданду умри дубора ёфтанд. Хушбахтона, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр низ ба ин масъала эътибори махсус зоҳир менамояд. Устохонаву растаҳои қатори оҳангарон, ки дар маркази шаҳр ҷойгир аст, далели ин гуфтаҳост. Баъди бунёди маҷмааи «Қалъаи Муғ», ки дар байни сокинон бо номи Муғтеппа маъруф аст, на танҳо барои рушди ҳунармандӣ, балки барои ташкили намоишгоҳ ва ба маърази тамошову фурӯш гузоштани маҳсули дасти ҳунармандону косибон имконияту шароити мусоид фароҳам омад.

Маҳсули ҳунарҳои миллӣ ҳам то андозае моро ба ҷаҳониён мешиносонад. Тибқи мушоҳидаҳо сайёҳони хориҷӣ ҳамчун армуғон бештар маҳсулоти ҳунармандӣ, махсусан ҳунармандии дастиро харидорӣ менамоянд. Бо пешрафти илму техника садҳо намуд асбоби буранда бо шаклу намуд ва таркиби гуногун арзи ҳастӣ кардаанду карда истодаанд. Масалан баъзан кордҳои керамикиеро тавассути шабакаҳои телевизионӣ реклама мекунанд, ки ҳатто ба сангу оҳан занед, дамашон намегардад ё бо ду- се бор қайроқ задан мисли поку тез шуда, сахттарин чизро ҳам мебуранд. Аммо кордҳои дастисохти истаравшанӣ ҳам дар гузашта ва ҳам дар замони муосир дар рӯзгори мардум ҷойгоҳи махсус доштанду доранд. Дар навбати худ дастовардҳои илмию техникӣ ба рушду нумӯи ҳунарҳои мардумӣ бевосита мусоидат менамояд ва то андозае корамонро сабук ҳам мекунад.

Ашёи хоми асосӣ барои устои кордсоз оҳан аст, ки онро аз қисмҳои мошинҳои кӯҳна мегиранд. Барои ороиши корд санг ва воситаҳои махсус асосан харидорӣ мешавад. Ғилофи кордҳои муқаррарӣ ва истифодаи ошхонаро асосан аз чарм тайёр мекунанд. Вале барои кордҳои фармудаи армуғонӣ ва ороишӣ ғилоф асосан аз шохи ҳайвоноти хонагӣ (гов, буз, гӯсфанд, қутос), ҳайвоноти ваҳшӣ (оҳу, бузи кӯҳӣ, архар, гавазн) ва устухон сохта мешавад. Усто Султон Нормаҳмадов аз он иқтихор дорад, ки ҳатто аз устухони фил ва дандони мамонт, ки барояш аз Федератсияи Русия дастрас намуда буданд, корд сохтааст.

«Хирадманд ҳар ҷо бувад сарфароз»-ро беҳуда нагуфтаанд. Бо маҳсули ҳунару дастранҷи худ усто Султон барои иштирок дар фестивалу намоишҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ба як қатор давлатҳои арабӣ, ҳамчунин Британияи Кабир (Англия ва Ирландия), Куба, Канада, Австралия, Зеландияи нав, Булғористон, Эстония, Хитой, Ҳиндустон, Ветнам ва ғайра сафари корӣ намуда, сазовори таҳсину офаринҳо шудааст. Ба туфайли маҳсули ҳунари ӯ хориҷиён Ватани маҳбуби моро хубтар шинохтаанд. Барои як нафар ҳунарманди ба назар одӣ ин дастоварди бузург мебошад, ки на ба ҳар кас муяссар мегардад.

Вобаста ба комёбиҳои усто ҳарф зада, ёдовар мешавем, ки Султон Нормаҳмадов борҳо дар чорабиниҳои маҳаллӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ҳам фаъолона иштирок кардааст. Аз ҷумла, солҳои 2012, 2013 ва 2016 дар фестивал – озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин» иштирок намуда, соҳиби диплому ҷоиза гардид. Дар фестивали байналхалқии дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон доиргардидаи «Ҳунарҳои дастии халқӣ» низ соҳиби диплом шуд. Аммо, ба андешаи худи усто, мукофоти беҳтарин барояш ҳамчун ҳунарманд эътироф шудан ва ба иззату ҳурмат сазовор гардиданаш маҳсуб мешавад.

– Камина сад дар сад ҷонибдори шоире ҳастам, ки мефармояд:

Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ

Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ.

Пири насиҳатгарони олам Саъдии Шерозӣ дасти беҳунарро ба шохи бесамар монанд кардааст ва воқеан чунин аст, – гуфт дар ҷамъбасти мусоҳибаи кӯтоҳ усто Султон Нормуродов. – Дар дунё бузургтарин айб барои инсони қобили меҳнат сар хам кардану муҳтоҷи дигарон шудан мебошад. Ҳунар бошад, «чашмаест зояндаву давлатест поянда». Шахсан  ҳунарам ба ман ҳам нон, ҳам ном ва ҳам обрӯву иззат додааст. Шукргузор аз сулҳу ваҳдат, тинҷиву амонӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ҳастам. Шукрона дорам, ки 11 нафар шогирдони тарбиянамудаам имрӯз устои муваффақ ҳастанд. Аз ҷумлаи фарзандонам ду нафарашон бо вуҷуди соҳиби таҳсилоти касбӣ будан ҳунари маро идома медиҳанд ва маҳсули дасти писари калониам Соҳибҷон ба хориҷа низ роҳ ёфтааст. Бовар дорам, ки наслҳои оянда ҳунари аҷдодии моро идомаву такмил мебахшанд ва номбардори авлод мешаванд.

Усто Султон Нормаҳмадов соли 1969 ба аъзогии Фонди бадеии Иттифоқи рассомони шаҳри Хуҷанд, соли 1990 ба узвияти  Иттифоқи рассомони Иттиҳоди Шӯравӣ пазируфта шудааст. Айни замон узви Академияи рассомон ва Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон аст. Дар баробари диплом, ифтихорномаву сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии бешумор бо нишони сарисинагии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст. Номбурда ҳунари кордсозиро бо эҷоди сухан аз ҷониби суханварон тавъам медонад ва ба ин пеша тозакориҳои зиёд ворид намудааст. Дар зиндагию фаъолияти минбаъдааш барору комёбии нав ба нав таманно менамоем.

 

                                                                                                Мардон ҚУРБОНОВ