Ду мулоқот оид ба як мавзӯъ

728 просмотров

 

Тибқи нақшаи кор барои нимсолаи дуюми соли равон дар ин давра раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Шӯрои уламои вилоят до дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва кумитаҳои маҳалла оид ба пешгирӣ ва муқовимат бо терроризму экстремизм беш аз 150 чорабинии маърифатӣ – иттилоотии муштарак доир менамоянд.

Дар доираи имконият ва бо салоҳдиди бахшу шуъбаҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо ба мулоқотҳо бо аҳли ҷомеа намояндагони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҳунармандону косибон, собиқадорони меҳнат, шахсони барӯманду рӯзгордида низ ба ҳайси маърӯзачӣ даъват мешаванд ва дар радифи мавзӯи болозикр мавзӯъҳои пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои сироятӣ, муҳоҷирати меҳнатии бехатар, рушди ҳунарҳои мардумӣ, таълиму тарбияи фарзанд, танзими анъана ва ҷашну маросим, омодагӣ ба ҷашни мубораки дар пешистодаи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар ва ғайра низ мавриди баррасии васеъ қарор мегиранд.

Аз ҷумла ду чорабиние, ки дар ҷамоатҳои деҳоти Айнӣ ва Рарз доир шуд, ба ҳамин мавзӯъҳо алоқамандӣ дошт. Дар чорабинии якум мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ Б. Ғайбуллоев, дар чорабинии дуюм мутахассиси пешбари ҳамин бахш М. Муминов иштирок ва суханронӣ кард. Дар ташкил ва гузаронидани ин мулоқотҳо амини маҳаллаи Айнии Ҷамоати деҳоти Айнӣ М. Акбаров, раиси Ҷамоати деҳоти Сайт А. Сангинов, сармутахассисони бахши кор бо дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ҷамоатҳои мазкур С. Почоев ва П. Авезов саҳми калон гузоштанд.

 

                                                                    Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                                       дар вилояти Суғд