Тибқи барқияномаи Раёсат

691 просмотров

 

Бо мақсади таъмини иҷрои барқияномаи Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  таҳти №16/1- 252 аз 02.08.2019 бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳристон низ корҳои муайянро ба анҷом расонида истодааст.

Мулоқоте, ки дар ҳамкории бахш бо шуъбаҳои корҳои дохилӣ ва амнияти миллӣ гузаронида шуд, аз ҷумлаи ҳамин корҳои баанҷомрасида маҳсуб мешавад.

Дар ин мулоқот ба ғайр аз муҳоҷирони меҳнативу аъзои оилаи онҳо ва намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа ҳамчунин мутасаддиёну масъулини сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла бахшҳои кор бо ҷавонон, занон ва оила, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаҳои маҳаллаву нуқоти калони аҳолинишин, имомхатибони масоҷид, сардухтурони сохтори госпиталӣ, Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, фаъолони ҷомеа ва кормандони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Мавзӯи асосии баррасишуда муқовимат бо терроризму экстремизм, одамрабоӣ, истисмори одам аз тарафи одам, истифодаи шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак, бемориҳои сироятӣ, коррупсия ва дар умум падидаҳои номатлубу хатарҳои ҷаҳони муосир буд. Дар ин радиф мавзӯи муҳоҷирати бехатар низ ба таври густурда баррасӣ шуд. Мулоқот бо сухани ифтитоҳии мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳристон Анварбек Ғозиев оғоз гардида, баъдан дар назди ҳозирин раиси кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Рустам Қодирӣ, сардухтури КАТС Нарзулло Абдурасулов ва дигарон суханронӣ карда, ҳамзамон ба пурсишҳо посух гардониданд.

Зимни ҷамъбасти чорабинӣ Анварбек Ғозиев дар симои аҳли толор аҳли ҷомеаро ба муттаҳидию сарҷамъӣ пешорӯи хавфу хатарҳо ва аздаст надодани зиракию ҳушёрии сиёсӣ даъват кард.

 

                                                                  Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                            дар ноҳияи Шаҳристон