Ҳамватанони гиромӣ! Кӯдакони хурдсолро беназорат нагузоред!!!

728 просмотров

Бахусус дар хонаҳои баландошёнаБоз як ҳодисаи нохуш дар шаҳри Москва аз ошёнаи 11-ум бинои истиқоматӣ кӯдаки 3-солаи як оилаи ҳамватанамон афтида, дар ҳолати вазнин, дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарӣ мебошад.

Боиси таассуфи зиёдаст, ки ҳафтае қабл чунин ҳодиса дар шаҳри Санкт-Петербург рух дод. Он гоҳ кӯдаки 2 — сола, Ризвонов Муҳаммад аз ошёнаи 8–ум афтида ба ҳалокат расида буд.

Имрўз кормандони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба аёдати кӯдак рафтанд. Мудири шуъбаи эҳёгарии беморхонаи клиникии бачагонаи Святой Владимир вазъӣ саломатии кӯдакро вазнин арзёбӣ кард.

Намояндагӣ бо волидони кудак дар тамос аст.

                                                  Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират

                                          ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба масъалаҳои  

                                                                                                         муҳоҷират