Ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим

734 просмотров

 

Бо назардошти он, ки ҳоло мавсими ба таври оммавӣ аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштани шаҳрвандон ҷараён дорад, бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт тасмим гирифтааст, ки дар ҳамкорӣ бо Маркази ноҳиявии ташаккули тарзи ҳаёти солим силсилаи чорабиниҳои маърифатӣ – иттилоотиро вобаста ба пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои сироятӣ аз қабили ВНМО, сил, гепатит ва муҳоҷирати бехатар роҳандозӣ намояд.

Чорабинии нахустин дар толори бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия доир гардид. Чуноне ки зимни мусоҳибаи кўтоҳ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт Нодира Маҳмудзода иттилоъ дод, иштирокчиёни чорабинии мазкур асосан шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатие буданд, ки барои гирифтани маълумот ва муайян намудани вазъи ҳуқуқиашон дар Федератсияи Русия тариқи шифоҳӣ ба бахш муроҷиат карда, ба қайд гирифта шудаанд.

Дар рафти чорабинӣ сарвари Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар ноҳияи Ашт С. Бузрукова суханронӣ кард.Ҳамзамон вобаста ба мавзўи баррасишаванда видеоролик намоиш дода, дар байни онҳо маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ паҳн карда шуд.

Тибқи нақшаи ташкилкунандагон чунин чорабиниҳои муштарак то охири сол дар маркази ноҳия ва ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти Ашт гузаронида мешаванд.

 

                                                                      Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                          дар ноҳияи Ашт