Бахшида ба Рўзи байналмилалии мубориза бо ВНМО/СПИД

796 просмотров

 

Бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии мубориза бо вабои аср – бемории сироятии Вируси норасоии масунияти одам, ки ҳамасола рўзи 1-уми декабр қайд мешавад, телевизиони давлатии вилояти Суғд («ТВ Суғд») барномаи мустақими маърифатиро бо иштироки намояндагони Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, марказҳои вилоятии ташаккули тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО роҳандозӣ намуд. Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғдро дар барномаи мазкур сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Диловар Муродов намояндагӣ карда, андешаҳояшро вобаста ба мавзўи баррасишаванда баён дошт ва ба саволҳои тамошобинону баранда посух гуфт.
Аз ҷумла таъкид намуд, ки яке аз сабабҳои гирифторшавии шаҳрвандон ба ин беморӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани онҳост. Мушаххасан, аксари гирифторони ин вабо ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанашон мубталои беморӣ мешаванд. Мутаассифона, бепарвоию бемасъулиятии баъзе муҳоҷирони меҳнатӣ боиси сироятёбии ҳамсар ва баъдан фарзандони онҳо мешавад. Бо назардошти ин, Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳо вобаста ба баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии аҳли ҷомеа, пеш аз ҳама, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо мунтазам корбарӣ менамоянд. Дар самти мазкур Раёсат ҳамкории густурдаро бо ташкилотҳои ҷамъиятии «Чашмаи ҳаёт», «Амали нек» ва «ХЕЛВЕТАС» низ ба роҳ монда, ташхиси ройгони шаҳрвандонро мунтазам ташкил менамояд. Вале пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО ва дигар бемориҳои сироятӣ кўшишу талоши дастҷамъонаи тамоми қишрҳои ҷомеаро тақозо менамояд.
Дар рафти барнома чанд номгўй маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ ҳам муаррифӣ шуд.

 

Раёсати Хадамоти муҳоҷират
дар вилояти Суғд