Рўзи байналмилалии муҳоҷир таҷлил гардид

949 просмотров

18-уми декабр дар Хадамоти муҳоҷир бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳоҷир ҳамоиш баргузор гардид.

Чорабинӣ баъди садо додани Суруди миллӣ, ки ба он аҳли толор ҳамовоз гаштанд, бо сухани ифтитоҳии Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода оғоз гардид. Ў қайд кард, ки дар баробари Тоҷикистон дар бисёр мамлакатҳои дигар ин рўз ҷашн гирифта шуда, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ дар навбати худ паҳн намудани маълумотҳо оид ба ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосии муҳоҷиронро бо роҳи гузаронидани чорабиниҳои гуногун ва семинарҳои корие, ки қонун дар бораи муҳоҷиронро дарбар мегиранд, саҳми худро мегузоранд.

Қобили зикр аст, ки 4 декабри соли 2000 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар асоси резолютсияи 55/93 18 декабро Рўзи байналмилалии муҳоҷир эълон намуд. Ҳамчунин соли 1990 аз ҷониби ин ташкилоти бонуфўз Конвенсияи байналхалқи оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо қабул карда шудааст. Санаи 8 январи соли 2002 Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ин Конвенсия аъзо гардида, аз соли 2003 ҳукми қонунӣ пайдо кард. Мақсади асосии Конвенсия ноил шудан ба ҳалли мушкилот ва дар сатҳи лозима ҳимоя намудани ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо буда, масъалаи мазкур ҳамеша дар маркази диққати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Сардори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои расмии худ ба кишварҳои хориҷа бо кору фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ шинос гардида, дар рафти ба имзо расонидани созишномаҳои байнидавлатӣ оид ба ҳамкори бо дигар давлатҳо манфиатҳои муҳоҷирон ба эътибор гирифта мешавад, – гуфт ў.

Баъдан Каримзода Т.А. қайд кард, ки ҳамасола дар ин рўз ҷомеаи байналмилалӣ даъват ба амал меоранд, ки давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ таваҷҷўҳи хосаро ба шумораи зиёди муҳоҷирон, ки дур аз ватананд ва дар холати вазнин қарор доранду ба кўмаку дастгирӣ ва ҳимояи худ эҳтиёҷ доранд, равона созанд.

Тибқи омори Созмони байналмилалии муҳоҷират  имрўз шумораи умумии муҳоҷири меҳнатӣ дар ҷаҳон ба 236 миллион расида ва мувофиқи пешбиниҳои СБМ то соли 2050 ин шумора ба 405 миллион мерасад.

Бояд арз намуд, Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ соли равон ҳам бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳоҷир чорабиниҳои муштараки маърифатӣ – фарҳангиро ба нақша гирифта, роҳандозӣ намуда истодаанд.

Дар фарҷом ба иштирокчиёни ҳамоиш филми мустанад намоиш дода, баъдан чанде аз кормандони дастгоҳи Хадамот бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳоҷир суханронӣ намуданд.

                                                                                          Анвар ЮСУПОВ