Бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқоту тарғибот  

598 просмотров

 

Бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқоту тарғибот яке аз самтҳои асосии фаъолияти Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар ш. Хуҷанд мебошад. Дар ин самт марказ ҳамкориро бо шуъбаю бахшҳои Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд, кумитаҳои маҳаллаҳо, ҷамоатҳо ва фаъолони ҷомеа ба роҳ мондааст.

Бояд қайд кард, ки чорабиниҳо вобаста ба иттилоотонидани аҳли ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи маърифатии муҳоҷирони меҳнатӣ, ҷиҳати пешгирии падидаю ҳодисаҳои номатлуб тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ҳафтаи  ҷорӣ аз ҷониби марказ 20 вохўрию мулоқотҳо гузаронида шуд.

Аз ҷумла, дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд, истгоҳи роҳи оҳан, ҶДММ “Пахтакор” ва Роҳи “Абрешим” бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ-муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо вохўриҳо   барпо намуда, дар рўзи гусел марказҳои сайёри маълумотдиҳию хизматрасонӣ ташкил намуда, дар баробари бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ тақсимоти маводҳои ташвиқотию тарғиботиро низ хуб ба роҳ мондаанд.

Зимни суханрониҳояшон кормандони марказ ҳозиринро аз хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм бохабар сохта, муҳоҷирони меҳнатиро ба зиракии сиёсӣ, наафтодан ба доми фиребу найранги бадхоҳону душманони миллат ва напайвастан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро даъват менамоянд.

Шумораи иштироккунандагон дар ин чорабиниҳо 993 нафарро ташкил дода, барои онҳо дастуру ёддоштҳо ва буклетҳои марказ бо теъдоди 1270 адад ройгон тақдим карда шуд.

Боз  аз ҷониби марказ ду созишномаи ҳамкорӣ бо ҶДММ “Даврон” ва МТК ш.Истаравшан ҷиҳати бо кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатие, ки воридшавиашон муваққатан ба Федератсия Россия манъ шудааст, барои касбомузӣ ва забономузӣ  баста шуд.

Айни замон аз ҷониби муассиса 20 роҳхат барои забономузӣ ва 13 адад барои касбомузӣ ба шаҳрвандон таъмин гардид. Аз тарафи кормандони марказ ба 11 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ барои кортаъминкунӣ роҳхат дода шуда, 6 нафари онҳо бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

 

                                             МДМарказҳои машваратӣ ва омодагии

                               пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ дар ш. Хуҷанд