Вусъати корҳои фаҳмондадиҳӣ

625 просмотров

 

 

         Тибқи Нақшаи чорабиниҳои муштараки МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар ш.Душанбе имрўзҳо дар самти ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ – маърифатӣ корҳои муайян роҳандозӣ шуда истодаанд. Аз оғози сол то имрўз Марказ 36 вохўрию мулоқотҳо бо шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо баргузор намуд, ки метавонад далели ин гуфтаҳо бошад.

Мавзўи калидии ин чорабиниҳо пешгирӣ ва мубориза ба муқобили падидаҳои номатлуб ва хатарҳои ҷаҳони муосир, пеш аз ҳама, терроризму экстремизм ва муҳоҷирати бехатар, пешгирӣ ва мубориза ба муқобили БПНМ (СПИД) ва бемории нави сироятӣ – “коронавирус” мебошад.

Дар чорабиниҳои маърифатӣ – иттилоотӣ, ки як ҳазору 900 нафар намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро баҳам овард, мутахассисони Маркази машваратӣ, намояндагони сохторҳои қудратӣ ва имомхатибони масҷидҳо иштироку суханронӣ карданд.

Ҳамаи мулоқоту вохўриҳо дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаштанд. Қабл аз ҷамъбаст байни ташкилкунандагон, маърўзачиён ва иштирокчиён суҳбати озод  ва саволу ҷавоб доир шуд.

 

                                                     МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш

                                                аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ дар ш.Душанбе