Интихоботи шаффоф дар Хатлон

599 просмотров

 

 

Боиси ифтихору сарбаландист, ки дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо як омодагии хуб гузашт.

Сокинони Хатлонзамин аз субҳи саҳар бо як ҳисси ватандўстию меҳанпарастӣ, сарҷаъмона ба участкаҳои интихоботӣ омада райъи худро ба номзад ва ҳизбҳои сиёсии интихобкардаашон доданд.

Мушоҳидаҳои мо дар ҳавзаи интихобтии якмандатаи ҷумҳуриявӣ Бохтар-26 ва Кушониён–27 нишон дод, ки мардум дар қиёс ба интихоботҳои солҳои қаблӣ фаъолтару масъулиятшинос шудаанд. Дар ҳар участкаҳои интихоботӣ ҳар як нафар бе мамоният ва дахолати дигарон озодона омада райъи хешро ба номзад ва ҳизбӣ арзандааш медод.

Аз суҳбатҳои алоҳидае, ки бо мушоҳидачиёни миллию ҳизбӣ, ки дар участкаҳои интихоботӣ рафти интихоботро назора мекарданд маълум гардид, ки дар рўзи интихобот ягон ҳолатҳои қонуншиканиро мушоҳида накардаанд. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки интихобот дар қаламрави вилоят дар як сатҳи баланд баргузор гардид.

Дар участкаи интихоботии рақами 5–и ҳавзаи интихоботии Бохтар-26, ки дар бинои асосии ДДБ ба номи Носири Хусрав ҷойгир буд, чанд лаҳзае мо рафти интихоботро мушоҳида кардем.

Шаҳрвандон дар ин участкаи интихоботӣ аз соати 6 – и субҳ ҷамъ омада, барои райъи худро додан навбат истодаанд. Ин гувоҳи он аст, ки ҳисси масъулиятшиносии мардум ва дарк кардани онҳо ва ҳар як овозашон барои ояндаи кишвар ҳалкунанда аст.

Дар дигар участкаҳои интихоботии ин ҳавза низ чунин як ҳолати идонаро мушоҳида кардан мумкин буд. Мардум барои райъидиҳӣ гўё ба ид меомаданд.

Дар ҳавзаи интихоботии Кушониён-27 низ вазъ хеле хуб буд. Мардуми шарафманди ин ноҳия низ бо як руҳияи баланди худшиносӣ сари сандуқҳои райъдиҳӣ меомаданд.

Бояд гуфт, ки яке аз рукнҳои асосӣ ва зарурии ҷомеъаи демократӣ -ин интихоботи демократию шаффоф аст. Кўшишҳо дар самти сохтмони як ҷомеъаи демократию мардумсолори барабас нарафтааст. Худи ҳамин интихобот нишон аз он аст, ки ҳукумати кишвар зери роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистааст як ҷомеъаи демократию мардумсолориро бисозад.

Аз таҷрибаи интихоботҳое, ки мо доштем ва интихоботи имрўза ба кулли фарқкунанда буд. Агар дар интихоботҳои қаблӣ каму беш ҷузъҳои алоҳидаи интихобот ба таври ночиз ҳам бошад вайрон мешуд, имрўз интихоботе, ки рўзи 1 – март гузашт, сифатан хубтару беҳтар буд. Ин ҳам натиҷаи заҳматҳои роҳбарияти олии кишвар аст, ки тавонистааст як интихоботи боадолату шаффофро роҳандозӣ намояд.

Роҳбари давлат қаблан таъкид карда буд, ки интихоботи Вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ бояд дар як сатҳи олӣ ва шаффоф гузарад. Ин ваъдаи роҳбари давлат рўзи якуми март дар амал татбиқ карда шуд. Мардуми шарифи Тоҷикистон тавонист вакилони арзандаи худро интихоб намояд.

Бояд гуфт, ки натиҷаи интихоботи Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ аз тарафи мушоҳидони байналмилалӣ баҳои баланд гирифт. Мушоҳидони байналмилалӣ, аз ҷумла аз кишварҳои муштарокул манофеъ рафти интихоботро демократӣ ва ба қайд нагирифтани қонуншиканиҳо арзёбӣ карданд.

Баъдан нишонаи дигари озоду демократӣ гузаштани ин интихобот дар он аст, ки ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар панҷ ҳизби сиёсии кишвар роҳ ёфтанд. Ва ҳатто агар хато накунам се ҳизби сиёсии кишвар имкон пайдо карданд, ки дар маҷлиси намояндагон фраксияи худро таъсис бидиҳанд. Фикр мекунам ин дигар ҷои шарҳе надорад ва худ гувоҳе аз як интихоботи шаффоф гузаронидашудааст.

 

                                                                           Маҳмудҷон Хоркашев

                                                     сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                                     дар вилояти Хатлон