Дар Хадамоти муҳоҷират семинари омодасозии роҳнамоён баргузор гардид

807 просмотров

 

Аз 11 то 13 март дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ семинари омодасозии роҳнамоён аз ҳисоби мудирони бахшу шуъбаҳои Хадамоти муҳоҷират ва кормандони саҳроии Ҳайати Шафқат аз ноҳияҳои пилотӣ дар мавзўи «Реинтегратсияи муҳоҷирони меҳнатии баргашта дар Тоҷикистон» баргузор гардид.

Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода иштирокчиёни семинарро хайрамақдам гуфта, иброз намуд, ки чорабинии мазкур метавонад савияи дониши мудирони бахшу шуъбаҳои Хадамоти муҳоҷират ва кормандони саҳроии Ҳайати Шафқат аз ноҳияҳои пилотиро баланд бардошта, дар фаъолияти кории онҳо роли муҳим бозад.

Аз тарафи худ, роҳбари лоиҳаи мазкур Сарвар Турдибоев                     зикр намуд, ки мақсад аз баргузории ин семинар – баланд бардоштани сатҳи кумак ба муҳоҷирони баргашта ва аҳли оилаи онҳо мебошад.

Муҳлати оғозу давомнокӣ ва анҷоми иқдом аз 1 августи соли 2019 то 31 январи соли 2021-ро дар бар мегирад.

Бояд гуфт, реинтегратсияи иҷтимоию иқтисодии муҳоҷирони кории аз Русия баргашта яке аз муҳимтарин масъалаҳое мебошад, ки имрўз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли он талош меварзад.

Айни замон Ҳайати Шафқат саҳмдори фаъоли соҳаи муҳоҷират дар Тоҷикистон буда, шарики боэътимоди ВММША ва узви Гурўҳи кории Харитаи роҳи мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ оид ба таҳия ва истифодаи “Харитаи роҳ” мебошад.

Дар асоси таҷрибаи Ҳайати Шафқат дар ин соҳа ва дар ҳамкории зич бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ВММША ва ҷонибҳои манфиатдори асосӣ, Ҳайати Шафқат як лоиҳаи 18-моҳа дар ҳаҷми 250 ҳазор Евроро барои кор дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ бо мақсади татбиқи сиёсат, хизматрасониҳо ва таҳияи барномаҳо ва ҷалби муҳоҷирони баргашта барои реинтегратсияи беҳтар таҳия кардааст.

Ҳадафи умумии лоиҳа аз беҳтар намудани рушди Тоҷикистон бо роҳи реинтегратсияи иҷтимоӣ ва иқтисодии  муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта иборат мебошад.

Сарвар Турдибоев дар идомаи суҳбат қайд кард,  ки лоиҳаи Ҳайати Шафқат барои дастгирии самтҳо ва сиёсати миллии стратегии Тоҷикистон аз як равиши мукаммал барои такмил додани пешниҳодот ва талабот дар системаи идоракунии муҳоҷират ва таъсири он ба рушди кишвар истифода хоҳад шуд.  Лоиҳа дастгирии амалисозии стратегия ва сиёсати миллӣ оид ба реинтегратсияи муҳоҷирони баргашта дар сатҳи маҳаллӣ, аз ҷумла МММ-ҳо ва МНМ-ҳо, рушди иқтидор, захираҳо, ҳамкорӣ ва татбиқи сиёсат дар сатҳи маҳаллӣ; ва ҷалби бевоситаи муҳоҷирони баргашта ва аъзои оилаҳои онҳо ба системаи идоракунии масоили муҳоҷират ва ҳукумати маҳаллиро дар бар хоҳад гирифт.

Ҳарчанд стратегияи миллӣ дар бораи реинтегратсияи муҳоҷирони баргашта мавҷуд аст, он дар сатҳи маҳаллӣ, аз ҷумла МММ-ҳо ва МНМ-ҳо, амалӣ карда намешавад.  Ба ваколати МММ-ҳо ва МНМ-ҳо таъмини хидматрасониҳо барои муҳоҷирони баргашта дохил мешавад, аммо чунин ҷанбаҳо аз қабили машваратдиҳии самарабахш, ҳамкорӣ байни МММ-ҳо ва МНМ-ҳо, ҳамоҳангсозӣ бо ҳукумати маҳаллӣ ва таъминкунандагони хизматрасониҳо, ҳисоботдиҳӣ ва ҷалби муҳоҷирони баргашта мавҷуд нестанд. Лоиҳа якҷоя бо ВММША дар самти баррасии оинномаҳо ва дастурамалҳо барои МММ-ҳо ва МНМ-ҳо бо мақсади бартараф кардани камбудиҳо ва мутобиқ намудани онҳо ба стратегияи миллӣ ва чораҳои мушаххаси пешбинишуда дар «Харитаи роҳ» кор хоҳад кард.

Бояд иброз намуд, ки МММ-ҳо ва МНМ-ҳо иқтидори беҳтарро барои таъмини хидматрасониҳои босифат ва ҷалб намудани муҳоҷирони баргашта ва оилаҳои онҳо нишон медиҳанд.

Дар мавриди пешниҳодот, лоиҳаи пешниҳодгардида барои ҳалли як қатор мушкилот, ки муассисаҳои системаи идоракунии муҳоҷират ҳангоми пешниҳод намудани хизматрасониҳои дахлдор барои муҳоҷирони баргашта бо онҳо рў ба рў мешаванд, аз ҷумла норасоии захираҳо, дониш ва малакаи нокифояи кормандони МММ/МНМ, норасоии воситаҳои ҳамоҳангсозӣ ва иштироки муҳоҷирон дар сатҳи маҳаллӣ, мусоидат хоҳад намуд.  Навсозии мақсадноки таҷҳизоти МММ-ҳо ва МНМ-ҳои дорои камбудиҳо аз ҳама бештар анҷом дода хоҳад шуд.  Таҳкими иқтидор дар асоси оинномаҳо ва дастурамалҳои мутобиқшуда ва ҷорӣ намудани механизмҳои ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкорӣ дар сатҳи ҷамоатҳо дастрасии МММ-ҳо/МНМ-ҳо барои муҳоҷирони баргашта ва аҳамияти хизматрасониҳои чунин марказҳоро  беҳтар хоҳад кард, – афзуд С. Турдибоев.

 

                                                                                        Анвар ЮСУПОВ