Корҳои фаҳмондадиҳӣ баҳри пешгирии паҳншавии бемории сироятии «Коронавирус» идома дорад

634 просмотров

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва сохторҳои он, беморхонаи марказии ноҳиявӣ, муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия ҷиҳати ташкил намудани корҳои фаҳмондадиҳию таблиғотӣ бо омода намудани маводҳои марбутаи иттилоотӣ шиору овезаҳо дар сохторҳои корӣ ва ҳудуди ноҳия чораҳои зарурӣ андешида истодаанд.

Айни замон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб Ситод оид ба ташкили корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии «Коронавирус» таъсис дода шуд.

Дар ин замина, дар ҳуҷраи кории бахши Хадамоти муҳоҷират ва утоқҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва сохторҳои он овезаҳо бо тафсири омилҳои пешгирикунандаи хавфҳои эҳтимолии эпидемияи мазкур гузошта шудаанд.

Аз тарафи беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб ва муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Варзоб дар утоқҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва сохторҳои он ва дар маркази ҷамоатҳо, бахусус ҷойҳои серодам шиору овезаҳо бо теъдоди 300 адад насб карда шуд. Инчунин, аз тарафи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 40 адад шиору овезаҳо оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии «Коронавирус» ба воситаи бахш дар як қисм муассисаҳои таълимӣ,  мағозаҳо, деҳаҳои ҳудуди ноҳия ва касбомўзоне, ки аз тарафи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба курсҳои кӯтоҳмуддат ҷалб гардидаанд, насб намуд.

                                                                                 Орифҷон Олимзода

                                                                                мудири бахши Хадамоти

                                                                            муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб