Семинар – машварат дар МТК – и шаҳри Истаравшан

595 просмотров

 

 

Кормандони МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд дар МТК-и шаҳри Истаравшан семинар – машварат доир ба муҳоҷирати бехатар, омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ва оид ба пешгирии бемории сироятии “коронавирус” доир намуданд. Дар он омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаи таълимии касбӣ ширкат варзиданд.

Дар назди ҳозирин директори марказ Умеда Ҳошимова баромад намуда, оид ба реинтегратсияи муҳоҷирони меҳнатӣ ба бисёр муаммоҳои дар ин самт ҷойдошта равшанӣ бахшид. Махсусан мисолҳои мушаххаси овардашуда аз таҷрибаи дигар давлатҳо, зикри тадбирҳои андешидаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ, роҳҳои фароҳам овардани ҷойҳои нав ва бо кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатии бозгашта, дастгирии маънавӣ ва моддиву молиявӣ, ҳамзамон фарогирии онҳо ба касбу ҳунаромӯзӣ боиси баланд гардидани донишу малакаи иштирокчиён шуд, ки ба дарсомӯзии минбаъдаашон бетаъсир нахоҳад монд.

Дар семинар-машварат ба омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса оид ба риоя намудани қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ, доимо тоза ва озода нигоҳ доштани утоқҳои дарсӣ, дар бинои маъмурӣ бо маводи хлоромин шустани ҳоҷатхонаҳо, дар ҷойҳои дастшӯии доимӣ гузоштани собун ва дигар маводи шустушӯи зиддисироятӣ маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Марказ дар асоси нақшаи чорабиниҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати он дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нақшаи чорабиниҳои худро таҳия намуда, корҳои ташвиқотию тарғиботиро ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии «коронавирус» хуб ба роҳ мондааст.

Дар фарҷом ба ширкаткунандагон вараҳаҳои иттилоотӣ вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва гӯшаю овезаҳо оид ба пешгирии бемории сироятии “коронавирус” тақсим карда шуд.

 

                                                                               Анвар ЮСУПОВ