Се моҳа ҷамъбаст гардид

588 просмотров

 

 

 

7 апрели соли ҷорӣ дар раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти семоҳаи аввали соли 2020 баргузор гардид.

Дар маҷлиси ҷамъбастӣ Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода ширкат варзида, дар назди ҳозирин баромад намуд.

Аз ҷониби раёсат дар давоми семоҳи аввали сол  як қатор корҳои назаррас, аз ҷумла қабул ва маслиҳатдиҳии муҳоҷирони меҳнатӣ, баргузории вохўриҳо, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ҳамкорӣ бо мақомоти шуғли аҳолӣ, субъектҳои хоҷагидор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои байналмилалию ғайридавлатӣ, шахсони ҳуқуқию воқеӣ,  муайян намудани теъдоди муҳоҷирони меҳнатии муваққатан мамнуъшуда, рафти бо кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин гардидани онҳо дар пойтахт ва берун аз ҷумҳурӣ, ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои  тоҷикони бурунмарзӣ ва ғайра гуфта шуд.

Инчунин, раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ҳамкориро бо раёсати  тандурустии ш. Душанбе мустаҳкам намуда,  дар рафти вохўриҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе барои  пешгирӣ  аз бемории сироятии “коронавирус”  корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда мешавад.

Дар фарҷом Сардори Хадамоти муҳоҷират баҳри ислоҳ намудани камбудиҳои ҷойдошта ва беҳтар намудани фаъолияти раёсат супоришҳои мушаххас дод.

 

 

                                                                  Раёсати Хадамоти

                                                                  муҳоҷират дар шаҳри Душанбе