Умед аз Худованд

678 просмотров

 

Аз ҳар хурӯҷи дардҳо,

Моро нигоҳ дор, эй Худо.

Бас бандаи нексиратем,

Мо аз азал то интиҳо.

Дур кун вабои асрро,

Дорӣ нигоҳ ҳар наслро.

Ҳар рӯз мо пеш аз намоз,

Панҷ бор таҳорат мекунем.

Мо баъди он озодаю,

Бар ту ибодат мекнем.

Дур кун вабои асрро,

Дорӣ нигоҳ ҳар наслро.

Дар қалби поки тоҷикон,

Чанд хислати дигар ниҳон.

Мо борҳо бигзаштаем,

Аз мушкилоту имтиҳон.

Дур кун вабои асрро,

Дорӣ нигоҳ ҳар наслро.

Дур кардаи аз мулки мо,

Аз байни якдигар низоъ.

Он вақт ваҳдат карда буд,

Аз ҳар набард Пешвои мо.

Дур кун вабои асрро,

Дорӣ нигоҳ ҳар наслро.

Бар мардуми аҳли башар,

Мо дастдарозӣ мекунем.

Гар дур шавад таҳлукае,

Бас сарфарозӣ мекунем.

Дур кун вабои асрро,

Дорӣ нигоҳ ҳар наслро.

Умеди мо бар даргаҳат,

Сар месупорем дар раҳат.

Бар мардуми рӯи Замин,

Шояд ки буд ин огаҳат.

Дур кун вабои асрро,

Дорӣ нигоҳ ҳар наслро.

Бар ҳар табиби арҷманд,

Орад мадад рӯҳи Сино.

“Ковид” дар рӯи ҷаҳон,

Бод бемадору нобино.

Дур кун вабои асрро,

Дорӣ нигоҳ ҳар наслро.

Мо мутмаинем, дар Замин,

“Ковид” паси сар мешавад.

Бо рӯҳу бо илҳоми нав,

Боз зиндагӣ сар мешавад.

Дур кун вабои асрро,

Дорӣ нигоҳ ҳар наслро.

Элмуроди Турсун (Бесабр)