Кумаки хайрхоҳона ба шаҳрвандони Тоҷикистон

428 просмотров

 

Раёсати ташкилоти милливу фарҳангии тоҷикон «Сомониён», воқеъ дар вилояти Ивановои Федератсияи Россия дар доираи нақшаи чорабинихо оид ба пешгирии бемории нави «коронавирус» (COVID-19) ҷиҳати ёрӣ расонидан ба ҳамаи ҳамватанони тоҷике, ки дар ин минтақа  кору фаъолият менамоянд, кумакҳои хайрхоҳона расонида истодааст.

Дар идомаи чунин кумакҳои хайрхоҳона, рӯзи 1-уми июни соли равон ба муҳоҷирони меҳнатӣ, оилаҳои камбизоат ва ниёзманди тоҷик ва донишҷӯён якҷоя бо кормандони ихтиёрӣ (волонтёрон) – и тоҷик таҳти сарварии Муртазо Нарзуллоев кумаки хайрхоҳона расонида шуд. Бояд зикр намуд, ки ин амалҳои хайрхоҳона бо дастгирии идораи руҳонии мусалмонони вилояти Иваново анҷом дода шуда истодааст.

Бо ин мақсад аз ҷониби Раиси ташкилоти милливу фарҳангии тоҷикон «Сомониён», воқеъ дар вилояти Ивановои Федератсияи Россия Илҳомҷон Бобоев ба Ляпин Фарид Усманович – сардори идораи руҳонии мусалмонони вилояти Иваново, Яқубов Халит Аббиясович – ҷонишини аввали сардор, Ахмедов Ҷурабек Сафарович – ҷонишини сардор, Мадиев Маҳмуд Саматович – ҷонишини сардори идора ифтихорномаву сипоснома қадрдонӣ карда шуд.

Мо дар ҳама ҳолат сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, кӯмакҳои хайрхоҳонаро дар ояндаи наздик ҳам идома медиҳем.

                                                                           Илҳомҷон Бобоев

                  раиси ташкилоти милливу фарҳангии тоҷикон «Сомониён»,

                                                                 воқеъ дар вилояти Ивановои ФР