Гурӯҳҳои ташвиқотӣ вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии сирояти COVID-19 дар шаҳри Ваҳдат

451 просмотров

 

Бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар шаҳри Ваҳдат якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати анҷоми корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии сирояти ҳамагири “Коронавирус” (COVID-19), иҷрои қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла истифодаи ниқобҳои яккарата, риояи фосилаи иҷтимоӣ ва бе зарурат аз хона набаромадан гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд ва фаъолият доранд.

Гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби намояндагони сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, КИ ҲХДТ, ташкилоти ҷамъиятии “Созандагони ватан” ва ҷавонон (волонтёрон) ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ — дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозорҳо, боғи фарҳангию фароғатӣ, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии сирояти ҳамагири “Коронавирус” — COVID-19 ва истифодаи ниқобҳои яккарата, инчунин риояи фосилаи иҷтимоӣ ташкил гардидаанд.

Дар маҷмӯъ, дар ҳудуди ҷамоату деҳот ва маҳаллаҳои маркази шаҳр, гурӯҳҳои таблиғотӣ-фаҳмондадиҳӣ иборат аз 120 нафар кормандони соҳаҳои гуногуни шаҳрдорӣ ташкил шуда, ба маҳаллаҳои сернуфуз ва ҷойҳои ҷамъшавии одамон сафарбар гардидаанд.

То имрӯз аз тарафи гурӯҳҳои корӣ 19 вохӯрии судманд дар маҷмӯъ бо 560 нафар аҳолӣ – намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа, ки дар кӯчаву бозору марказҳои савдо бе ниқобҳои яккарата гаштугузор мекарданд, ҷиҳати пешгирӣ аз сирояти ҳамагири “Коронавирус” (COVID-19) корҳои таблиғотӣ – фаҳмондадиҳӣ сурат гирифта, ба онҳо оид ба риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, роҳҳои пешгирӣ ва табобати беморон дар шароити хона ва дигар масъалаҳои марбут ба пешгирӣ аз сирояти “Коронавирус” (COVID-19) маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Фаъолияти гурӯҳҳои корӣ дар ин самт идома дорад.

                                            Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Ваҳдат