Хушбахтона кишвари мо аз хисороти азими молиявӣ эъмин монд

436 просмотров

 

Зиёда аз панҷ моҳ мешавад, ки бемории зукоми «Коронавирус» аҳли оламро ба нигаронии ҷиддӣ гирифтор намудааст. Вале хушбахтона, кишварҳое, ки сокинонашон ба ин беморӣ охири соли 2019 гирифтор шуда буданд, авҷи онро паси сар намуда, оҳиста – оҳиста маҳдудиятҳоро бекор карда, ба зиндагии муқаррарӣ баргашта истодаанд.

         Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сироятёбӣ ба ин беморӣ аз моҳи апрели соли ҷорӣ расман ба қайд гирифта шуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали пайдоиши пандемияи «Коронавирус» ва илтиҳоби шуш дар кишвар тадбирҳои саривақтиро роҳандозӣ намуда, бо роҳбарии Сарвазири мамлакат Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд.

         Мувофиқи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, ба ҳолати 17-уми июни соли 2020 шумораи умумии беморони гирифтори «Коронавирус» дар ҷаҳон 8,3 миллион нафаро ташки дода, аз ин теъдод то имрӯз зиёда аз 3,9 миллион кас шифо ёфтаанд ва 446 ҳазору 122 тан вафот кардаанд.

         Бино ба иттиллои Вазорати тандурустӣ ва хифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 17 июни  соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5221  нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави СOVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 3700 (70,8%) нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 51 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст.

         Хуруҷи ин беморӣ натанҳо ба вазъи ноустувори равонии аҳолӣ, аз ҷумла коста шудани умеди онҳо ба кору зиндагӣ, балки ба рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, махсусан, бахшҳои иқтисодиёт таъсири манфӣ расонид.

         Доман паҳн кардани  бемории мазкур, пешгирӣ ва бартараф намудни оқибатҳои манфии он ба рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо хисороти зиёди моддию молиявӣ расондид. Ба андешаи мо, он садҳо миллион долларе, ки барои мубориза бар зиддии COVID-19 харҷ шудаанд – ин амалан маблағгузории (сармоягузорӣ) амалинашуда дар рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар мебошад.

         То кунун ҷанбаҳои мусбӣ, манфӣ, ҳаҷми хароҷотҳои моддию молиявии сарфнамудаи кишварҳои ҷаҳон дар робита ба пешгирии сироятёбии СOVID-19, инчунин, тағйирёбии дурнамои рушди минбаъдаи иқтисодиёти ҷаҳонро аз таъсири ин беморӣ ба таври  дақиқ таҳлилу арзёбӣ намудан имконпазир аст. Чунки сироятёбии ин беморӣ ва таъсири он ба рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ то ба ҳол идома дорад.

         Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари  дигар кишварҳои сироятёфта, аз рӯзҳои аввали пайдоиши пандемияи «Коронавирус» бо харҷи маблағҳои зиёд, тадбирҳои саривақтиро ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии ин бемории сироятӣ ва бартараф намудани оқибатҳои манфии он ба рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат роҳандозӣ намуд.

         СOVID-19 қариб ба тамоми кишварҳои ба ин бемории сироятӣ гирифторшуда ба ҷуз Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баробари дигар хароҷотҳои моддию молиявӣ ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, махсусан, соҳаи хизматрасонии онҳо низ дар робита эълон намудани карантин ва баста шудани марзҳо миёни кишварҳои сироятёфта, хисороти зиёди молиявӣ расонид.

         Хушбахтона, кишвари мо аз хисороти азими молиявӣ эъмин монд, зеро карантини сартосарӣ эълон карда нашуд. Ба андешаи мо ва дигар коршиносони масоили иқтисодӣ, агар мисли дигар кишварҳо дар мамлакати мо низ карантин ҷорӣ мегардид, ба иқтисодиёти кишвар зиёда аз 16 миллиард сомонӣ зарари молиявӣ мерасид.  Бинобар ин, иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба эълон накардани карантин ва пурзур намудани риояи талаботи беҳдоштӣ бисёр муҳим ва саривақти буд.

Амиралӣ Раҳмонзода

сардори шуъбаи ташкилӣ ва умумӣ

Хадамоти муҳоҷират