Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинони ноҳия идома доранд

423 просмотров

 

 

Бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва КИ ҲХДТ оид ба паст кардани хатари сироятии “Коронавирус” (COVID-19) тавсияҳо бо теъдоди 1000 нусха чоп намуда, дар ҳудуди ноҳия ва минтақаҳои истироҳатӣ насб карда мешавад.

Баҳри иҷрои нақшаю чорабиниҳои бахш паҳн намудани маводҳои иттилоотӣ вобаста ба бемории сироятии “Коронавирус” ва пешгирӣ аз он дар ҳудуди ноҳияи Варзоб дар ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва ихтиёрони бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб бо мақсади тақвият бахшидан ҷиҳати тадбирҳои иловагӣ оиди пешгирӣ аз сироятёбии бемории “Коронавирус” (COVID-19) дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия ҳамарўза корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, бо усулҳои “Хона ба хона”, “Рў ба рў” миёни сокинони ноҳия бо дастрас намудани ёддоштҳо бо теъдоди 1200 нусха ва насб намудани шиору овезаҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ корҳои таблиғотиро идома дода истодаанд.

Чанде пеш чунин вохўриҳои навбатӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Панҷхок ва Зидеҳ баргузор гардид, ки дар он намояндагони гурўҳҳои таблиғотӣ мухтассар оид ба ин бемории сироятӣ ба сокинон маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Инчунин, аз ҷониби КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ба собиқадори соҳаи маориф Аҳрор Олимов, сокини деҳаи Панҷхок ба маблағи 600 сомонӣ кумак яквақта расонида шуд.

Ҳамчунин, бахши Хадаморти муҳоҷират муроҷиатномаи худро оид ба пешгирӣ аз сироятёбии бемории “Коронавирус” (COVID-19) ба сокинони ноҳияи Варзоб бо теъдоди 310 нусха дастрас намуд.

Фаъолият дар ин самт идома дорад.

 

                                                                    Олимзода Орифҷон Олим

                                                          сардори бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                          дар ноҳияи Варзоб