Ваҳдат ҳастии миллат

437 просмотров

 

Аз он вақте, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар шароити ниҳоят вазнини сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву маънавӣ қарор дошт ва бо вуҷуди тамоми мушкилиҳою монеаҳо барои ба эътидол овардани вазъи ҷомеа, сарҷамъии миллат, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо оғоз карда буд, 23 сол сипарӣ гардид. Дар ин фосилаи начандон зиёди таърих, миллати бо нангу номус ва соҳибфарҳанги тоҷик ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои бонуфузи байналмила­лӣ, кишварҳои дўст ва ҳаммарз собит сохт, ки ба идеяи Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот содиқ буда, манфиатҳои милливу давлатиро ҳамеша дар мадди аввал қарор дода, барои пос доштани таърих, фарҳанг, забон ва дигар арзишҳои миллиамон омодаи ҷонфидо ҳастем.

Мо ҳамчунин ба тамоми башарият собит намудем, ки ҳадафи асосиямон эҷоди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, барои наслҳои оянда чунин давлате бунёд карда ба меърос гузоштанием, ки дар инкишофи ҳамаҷони­баи ҷомеа, зиндагии бошарафона, хушбахтона ва шоистаи мардум таъмин шуда бошад.

Ба миён омадани сулҳу субот ва қадамҳои нахустин дар роҳи Ваҳдати миллӣ барои таҳкими пояҳои давлати ҷавони тоҷикон шароит фароҳам овард. Ба шарофати Ваҳдати миллӣ ва сулҳу оромӣ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварамон таҳаввулоти ҷиддӣ ба миён омаданд. Яъне сулҳ ба мо имкон дод, ки дар ҳамаи соҳаҳои зиндагӣ қадамҳои устувор гузорем ва барои таъмини зиндагонии шоистаи тамоми мардуми кишварамон дидгоҳи дигар дошта бошем.

Муҳимтар аз ҳама равандҳои худогоҳиву худшиносии миллӣ, такон ва густариши тоза пайдо карда, ҳисси ифтихори миллӣ, эҳсоси ватандўстӣ ва ватанпарастӣ ба пояи сиёсати ободкориву созандагии пешгирифтаи давлату ҳукумат, миллатро фаро гирифт.

Ин боис он гардид, ки дар муддати кутоҳ дар натиҷаи татбиқ намудани барномаҳову стратегияҳои қабулкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳу сифати некуаҳволии мардуми кишвар симои дигар касб намуд. Агар ба тадқиқотҳои қаблӣ назар афканем ва нишондиҳандаҳои омориро таҳлил намоем, шоҳиди он мегардем, ки баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум вазифаи аввалиндараҷаи ҳукумат башумор рафта, сатҳи камбизоатӣ дар соли 1997-ум 81 фоизро ташкил медод, пас он дар соли 2015 ба 38 фоиз, соли 2016 ба 31 фоиз ва соли 2020 ба 27,5 фоиз коҳиш дода шудааст.

Мусаллам аст, ки музди меҳнат ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати иҷти­мо­ию иқтисодии давлат, сарчашмаи асосии баланд бардоштани сатҳи некўаҳво­лии кормандон, воситаи асосии ҳавасмандгардонии аъзои ҷамъият барои меҳнати пурмаҳсул ва хушсифат мебошад.

Дар натиҷаи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  танҳо аз соли 1997 то соли 2020 ҳадди ақали музди меҳнат аз 1 сомонӣ то ба 400 сомонӣ ва андозаи ҳадди акқали нафақа аз рўи синну сол аз 2 сомонӣ ба 180 сомонӣ расонида шуд.

Инчунин, андозаи музди миёнаи меҳна­т низ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт ва корхонаҳои шаклҳои молики­ята­шон гуногун дар ҳоли афзоиши пайваста қарор дорад. Масалан, музди миёнаи меҳна­т дар соли 1997-ум 5 сомониро ташкил менамуд. Бо гузашти марҳилаҳои муҳими даврони осоиштагӣ ва дар заминаи Ваҳдати миллӣ дар ҷомеа он то соли 2019 ба 1135,82 сомонӣ баробар гардид.

Имрўз ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа возеҳ дарк кардааст, ки агар дар мамлакат сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо бошад, ҳамаи масъалаву мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ тадриҷан ҳалли худро меёбанд. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки бо иродаи мардуми Тоҷикистон ҳамчун ҳадафи ниҳоӣ қарор дорад, идома диҳем ва барои мардум шароити сазовори зиндагиро муҳайё намоем.

                                                                     Амиралӣ Раҳмонзода

                                                        сардори шуъбаи ташкилӣ ва умумӣ

                                                                              Хадамоти муҳоҷират