ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ РОҲБАРИКУНАНДАИ БАЙНИИДОРАВӢ ОИД БА АМАЛИГАРДОНИИ ЛОИҲАИ «ТАҚВИЯТИ ТАҲСИЛОТИ КАСБИИ ТЕХНИКӢ ВА ОМӮЗИШ» – И НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОИР ГАРДИД

425 просмотров

 

 

30 июни соли ҷорӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматуллозода Ширин ҷаласаи Гурӯҳи роҳбарикунандаи  байниидоравӣ оид ба амалигардонии Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҷаласаи кориро  Исматуллозода Ширин – муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, доир ба муҳимияти татбиқи лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбии техникӣ ва омӯзиш» дар манотиқи гуногуни кишвар ибрози андеша намуд.

Нахуст гузориши Гулрӯ Ҷабборзода Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун директори лоиҳа оид ба вазъи кунунӣ ва раванди татбиқи Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» дар нимсолаи авали соли ҷорӣ шунида шуд.

Аз ҷониби директори лоиҳа қайд гардид, ки ҳадафи лоиҳа ба тақвияти амалигардонии ислоҳот дар низоми таҳсилоти ибтидоии касбии техникӣ ва омӯзиши муассисаҳои давлатии таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ба касбҳои дар бозори меҳнат рақобатпазир нигаронида шудааст. Лоиҳа дар таҷдиди методологияи таълим, барқарорсозии заминаи моддиву техникӣ, дастрасӣ ба омӯзиши босифат, инчунин тақвияти идоракунии низоми сохтор равона гардидааст. Дар рафти амалисозии лоиҳа таҳияи стандартҳои салоҳиятнокӣ ва роҳҳои баҳогузории тахассусҳо мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ дар назар дошта шудааст.

Инчунин, фаъолияти  лоиҳа дар масоили гендерӣ, фарогирии занону духтарон ба курсҳои омӯзишӣ аз рӯи ихтисосҳои ғайрианъанавӣ, касбҳои дар бозори меҳнат рақобатпазир, омӯзиши инклюзивӣ ва бокортаъминкунии  хонандагон нигаронида шудааст.Мавриди зикр аст, ки дар раванди татбиқи лоиҳа муҷаҳазгардонии заминаи техникии муассисаҳои таҳсилоти касбии вазорат пешбинӣ шуда аст.

Барои фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ дар татбиқи методологияи таълим дар асоси салоҳият вазорат якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор бо ҷалби мушовирони Лоиҳа якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқиро таҳия намудааст, ки ба омодасозии мутахассисон вобаста ба талаботи воқеии бозори меҳнат ва расидан ба ҳадафи чоруми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба саноатикунонии босуръати иқтисодиёти миллӣ равона шудаанд. Яке аз қисматҳои лоиҳа ин ташкил ва баргузории сафарҳои омӯзишӣ барои роҳбарон, омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолии литсейҳои касбии техникӣ ҷиҳати табодули таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар самти методологияи таълим дар асоси салоҳияти касбӣ, шарикии соҳавӣ, низоми нави идоракунӣ ва баҳодиҳӣ буда, татбиқи он дар низоми таҳсилоти ибтидои касбӣ ва омӯзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар кори ҷаласа аъзои Гурӯҳи корӣ –масъулини вазорату идораҳои дахлдор оид ба иҷрои бандҳои протоколи ҷаласаи қаблӣ гузоришҳои хешро манзур намуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати  иҷрои саривақтии нишондодҳо, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва татбиқи босамари  лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбии техникӣ ва омӯзиш»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас ироа гардиданд.

                                  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ