Бештар аз камбудиҳо ва ислоҳи онҳо сухан рафт

334 просмотров

 

Мутобиқи нақшаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 21-уми июли соли равон маҷлиси ҳисоботӣ оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳо доир гардид.

Дар маҷлиси ҳисоботӣ ба ғайр аз кормандони дастгоҳи Раёсат ҳамчунин сардорони шуъба ва мудирони бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо,Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва истгоҳи роҳи оҳан, директори филиали Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа Зуҳро Юсупова ва директори Муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Хуҷанд” Бахтиёр Қобилов иштирок намуданд.

Зимни ифтитоҳи маҷлис сардори Раёсат Зайнура Шарифӣ нахуст барои дастгирию ғамхории доимӣ ва таваҷҷуҳи махсус ба унвони роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти муҳоҷират ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд миннатдорӣ баён намуда, иштирокчиёнро бо тағйироти кадрии дар давраи ҳисоботӣ баамаломада шинос кард. Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра бо фармоишҳои Сардори Хадамоти муҳоҷират Қобилов Бахтиёр Ёқубович директори Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Хуҷанд», Камолзода Саид Олим сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров,  Ҳакимов Фирдавс Ҷамшедович мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан, Ҳамроқулов Ҷасуралӣ Нуралиевич мутахассиси пешбари бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Раёсат таъин шуданд.

Баъдан ба маълумоти иштирокчиён расонида шуд, ки 13 ва 14-уми июл ҷаласаҳои ҳисоботии ҳайати мушовара дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷират доир гардиданд. Дар ҷараёни онҳо фаъолияти Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳо ҳам мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷониби роҳбарияти мақомоти болоӣ дар назди сохторҳои поёнӣ супоришу вазифаҳои мушаххас гузошта шуд, ки барои иҷрояшон ҳамаи кормандони соҳаи муҳоҷират масъул ҳастанд.

-Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва сохторҳои зертобеи он фаъолияти нимсолаашонро дар чунин муҳит ва шароите ҷамъбаст намуданд, ки ҳанӯз аҳли ҷомеа таҳти таассуроти баланд аз сафари навбатии кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд қарор доранд. Дар доираи ин сафар низ Пешвои муаззами миллат дар ифтитоҳи даҳҳо адад иншооти таъиноти гуногун иштирок намуда, ҳамзамон ба як силсила корҳо дар самти созандагию ободонӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Албатта, дастуру супоришҳо ва вазифагузорию ҳидоятҳои навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аҳли ҷомеаи меҳнатии дастгоҳи Раёсат ва шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо дастури амал ва роҳнамои фаъолият мебошад, ки дар самти иҷрои онҳо якҷоя кӯшиш ба харҷхоҳем дод,- баён дошт Зайнура Шарифӣ.

Барои  баррасӣ  ба рӯзномаи маҷлис ду масъала: «Натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти  Раёсат ва сохторҳои зертобеи он дар давоми нисолаи аввал ва вазифаҳо барои семоҳаи сеюми соли 2020», ҳамчунин “Натиҷаҳои омӯзишу санҷиши фаъолияти сохторҳои зертобеъ дар шаҳру ноҳияҳо” дохил шуда буд.

“Бо назардошти он, ки паҳншавии бемории сироятии “Коронавирус” ба тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла соҳаи муҳоҷират ҳам таъсири манфии худро расонид, дар аксари самтҳои фаъолият кор муваққатан қатъ гардид ё хеле маҳдуд шуд. Новобаста ба ин, дар давраи ҳисоботӣ дар Раёсат ва сохторҳои зертобеи он пурра қатъ нагашт ва корҳои муайян ба иҷро расиданд. Дастовардҳои ин давра ба аҳли ҷомеаи меҳнатӣ маълум буда, комёбию муваффақиятҳои бадастомада барои пешравии минбаъдаамон замина мешаванд. Камбудию норасоиҳоро бошад, саривақт ислоҳ намудан лозим аст”- таъкид дошт сардори Раёсат.

Дар ҳамин асос ташкилкунандагони ҷаласа ба қоидаи маъмулӣ ва тартиби гузаронидани маҷлисҳои ҳисоботӣ тағйирот дароварда, қироати маърӯзаи ҳисоботиро нолозим шумориданд ва ба ҷои он ҳисобот оид ба натиҷаҳои омӯзишу санҷиши назоратӣ дар сохторҳои зертобеъ шунида шуд. Ёдовар мешавем, ки давоми моҳи июн гурӯҳҳои кории Раёсат фаъолияти сохторҳои зертобеъро дар шаҳру ноҳияҳо мавриди омӯзишу санҷиш қарор доданд. Сардори раёсат дар аксари ин санҷишҳо шахсан иштирок дошт ва санҷишҳои гузаронидашуда тамоми самтҳои фаъолиятро дар бар гирифтанд.

Мақсад аз ин иқдом аз наздик шинос шудан бо фаъолияти сохторҳои зертобеъ дар шаҳру ноҳияҳо, ошкор намудани камбудию норасоиҳо ва мусоидат ба ислоҳи онҳо, ҳамчунин расонидани кӯмаки амалию методӣ буд. Гурӯҳҳои корӣ баъзе камбудиҳои ҷузъиро дар ҷояшон ислоҳ намуда, оид ба ислоҳи норасоиҳои дигар маслиҳат доданд ва муҳлат муайян карданд.

Ахбороти муфассалро оид ба натиҷаи санҷишҳои дар сохторҳои зертобеъ гузаронидашуда сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Раёсат Диловар Муродов ба самъи ҳозирин расонид. Дар суханронии ӯ таъкид шуд, ки фаъолияти Раёсат ба фаъолияти сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳо иртиботи қавӣ дорад. Яъне сифати кори Раёсат аз рӯи сифати кори шуъбаю бахшҳо муайян мегардад. Зимни санҷишу омӯзиш дар баробари пешравиҳо дар фаъолияти сохторҳои зертобеи Раёсат камбудиҳо низ ошкор шуданд, ки ислоҳи саривақтиашон ногузир аст.

Дар рафти музокира сардорони шуъба ва мудирони бахшҳо дар шаҳру ноҳияҳои бо санҷиш фарогирифташудаи Конибодом Боҳирҷон Шарифов, Бӯстон Санҷар Сатторзода, Гулистон Фирӯз Ҳодиев, Исфара Мустақим Ахмедов, Хуҷанд Манзурат Саторова, Истаравшан Фирдавс Ҳакимов, Панҷакент Абурайҳон Абдушаҳидов, Бобоҷон Ғафуров – Саид Камолзода, Спитамен Баҳром Ӯринбоев, Ҷаббор Расулов – Олимҷон Узоқов, Айнӣ Баҳрулло Ғайбуллоев, Деваштич Санавбар Баҳодурова, Мастчоҳ Маҳмадбоқӣ Қурбонов ва Шаҳристон Анварбек Ғозиев оид ба корҳои анҷомёфта ва рафти иҷрои вазифагузориҳои гурӯҳҳои санҷишӣ ба таври мухтасар маълумот доданд ва ба пурсишҳои сардори Раёсат ҷавоб гуфтанд.

Роҳбарият дар маҷлиси ҳисоботӣ оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолият дар соли 2019 ба масъалаи танзими муҳоҷирати дохилию экологӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар назди сардорони шуъбаю мудирони бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои сафарбаркунанда ва қабулкунандаи муҳоҷирон вазифаҳои мушаххас гузошта буд. Бинобар ин,  дар маҷлиси ҳисоботӣ оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти нимсола вазъи муҳоҷирати дохилию экологӣҳам ба таври васеъ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Баъд аз шунидани ахбороти муфассали мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Раёсат Ҳусейнҷон Зоидов сардорони шуъба ва мудирони бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои Исфара Мустақим Ахмедов, Панҷакент Абурайҳон Абдушаҳидов, Деваштич Санавбар Баҳодурова, Айнӣ Баҳрулло Ғайбуллоев ба музокира баромада, сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд Манзурат Саторова, мудирони бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ Маҳмадносир Ниёззода, ноҳияи Зафаробод Илҳомҷон Турсунов ва ноҳияи Ашт Нодира Маҳмудзода ба саволҳои сардори Раёсат вобаста ба вазъи тақсимоти қитъаи замини наздиҳавлигӣ, дастрас намудани қарзи имтиёзнок, бунёди манзил, ба вуҷуд овардани инфрасохтор ва ба мавзеъҳои нав сафарбар кардани муҳоҷирони дохилию экологӣ ҷавоб доданд.

Дар робита бо ин масъала, сардори Раёсат аз масъулини сохторҳои зертобеъ дар шаҳру ноҳияҳои пилотӣ рафти татбиқи лоиҳаҳои “Беҳтар намудани некӯаҳволии муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо дар Тоҷикистон” – и ХЕЛВЕТАС ва “Реинтегратсияи муҳоҷирони меҳнатии баватанбаргашта дар Тоҷикистон”-и Ҳайати шафқатро пурсон шуда, ба онҳо вобаста ба боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дастуру маслиҳат дод.

Қабл аз ҷамъбасти маҷлис оид ба фаъолияти молиявӣ мудири бахши молия ва хоҷагидории Раёсат Собит Собиров, танзими муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди вилоят мутахассиси пешбари шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Фаррух Самадов ва вобаста ба ҳолати кор дар терминалҳои нақлиётӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва истгоҳи роҳи оҳан Алишер Хидиров суханронӣ карданд. Ҳамчунин директори филиали Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа Зӯҳро Юсуфова масъулини Раёсат ва сохторҳои зертобеи онро бо лоиҳаи нав дар самти бо ҷои кор таъмин намудани муҳоҷирони дар ҳудуди Федератсияи Россия дармондаи тоҷик ва ба ин кишвар интиқол додани шаҳрвандони барои истиқомати муваққатӣ дар Федератсияи Россия иҷозати расмидошта, ки дар Ватани мо дармондаанд, шинос намуд ва онҳоро ба ҳамкорӣ даъват кард.

Маҷлиси ҳисоботӣ баъди вазифагузориҳои сардори Раёсат бо қабул намудани қарори далдор ба анҷом расид.

 

                                                                                   Мардон ҚУРБОНОВ