Рӯзноманигорон қаноатманд шуданд

378 просмотров

 

Дар асоси ҷадвали баргузории нишастҳои матбуотӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, сарраёсату раёсатҳо, ташкилоту идора ва муассисаҳо тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.09.2011, №АП-1729 рӯзи 23.07.2020 нишасти матбуотии муштараки Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд доир гардид. Дар ин чорабинӣ намояндагони васоити ахбори оммаи чопию электронии маҳаллӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, ҳамчунин васоити ахбори оммаи хориҷӣ, ки аз аккредитатсия гузаштаанд, ширкат варзиданд.

Ташкилкунандагони нишаст барои таъмини бехатарии рӯзноманигорон аз сироятёбӣ ба бемории «Коронавирус» ва ба онҳо ҳарчи бештар додани маълумот тадбирҳои амалӣ андешиданд. Аз ҷумла, Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба кормандони воситаҳои ахбор ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим кард ва дар дохили толор фосилаи нишасти байни онҳоро таъмин намуд.

Ҳамзамон Раёсат барояшон дар ҷузвдони махсус варақаи иттилоотӣ (пресс – релиз) оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2020, маводҳои конселярӣ, шумораи навбатии рӯзномаи «Шуғл ва муҳоҷират», буклету дастурамалҳои ба муҳоҷирати бехатар, тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва мубориза ба муқобили терроризму экстремизм, бемориҳои гузаранда, аз ҷумла ВНМО ва КОВИД – 19 бахшидашударо дастрас намуд.

Бо назардошти он ки дар варақаҳои иттилоотии аз ҷониби ҳар ду Раёсат пешниҳодгардида оид ба самтҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли равон маълумоти муфассал мавҷуд буд, бо пешниҳоди рӯзноманигорон баъди оғози расмии чорабинӣ муколамаи озод ва саволу ҷавоб доир гардид.

Аксари саволҳои ба сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ додаи рӯзноманигорон ба бемории сироятии «Коронавирус» алоқамандӣ дошт. Онҳо ҳамчунин ба масоили бақайдгирии муҳоҷират, муайян намудани шумораи аниқи муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва аъзои оилаашон дар хориҷа, сабабҳои нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта имсол камтар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани шаҳрвандон, саҳми ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушд дар ободонии диёр, танзими муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави вилоят мароқ зоҳир намуданд.

Мавсуф зимни посух гуфтан ба пурсишҳои мухбири махсуси рӯзномаи «Ҷумҳурият» Ҷовиди Аштӣ, мухбирони рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» Шоира Салимзода, маҷаллаи «Паёми Суғд» Марҳабо Исломзода, ҳафтаномаи «Фараҷ» Алишер Толиб, ҳафтаномаи «Сухани халқ» Моҳира Раҳимзода, намояндагони агентиҳои иттилоотии «Азия – Плюс» Мавлуда Рофиева, «Спутник» Қамари Аҳрор ва рӯзноманигори мустақил Мадина Почоева аз ғамхории рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгириҳои давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафоратхона ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар ин кишвар, диаспораву марказҳои миллӣ – фарҳангии ҳамватанони бурунмарзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар давраи хурӯҷ ва паҳншавии бемории мазкур ёдовар шуд.

Саволҳои ба сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд Шермуҳаммад Нодирӣ додашуда асосан дар хусуси ҷалби мутахассисону коргарони маҳаллӣ ба корхонаҳои муштарак ва бо ҷалби қувваи кори хориҷӣ фаъолиятбаранда, фароҳам овардани ҷойҳои нави кор, ташкили ярмаркаи ҷойҳои холии кор ва вазифаҳои озод, таъмин намудани аҳолии бешуғл ба шуғли мавсимию доимӣ, ҳолати касбу забономӯзонӣ ва шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ, дастгирии иҷтимоии қишрҳои осебпазири  ҷомеа  дар  давраи  паҳншавии  бемории  КОВИД – 19,  рафти татбиқи барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба марҳилаи эҳтимолии хурӯҷи навбатии ин беморӣ буданд.

Дар рафти ҷамъбасти нишаст ташкилкунандагон барои иштироки фаъолона ба кормандони васоити ахбор миннатдорӣ баён карда, изҳор доштанд, ки ҳамеша ҷонибдори ҳамкории зич бо онҳо ҳастанд. Аз номи рӯзноманигорон муассиси рӯзномаи «Набзи рӯз» Адолати Бароталӣ барои дар сатҳи баланд ташкил намудани нишасти матбуотӣ изҳори миннатдорӣ кард.

                                                                                    Мардон ҚУРБОНОВ