Вохӯрии кори шарикони шабакаи хизматрасон

296 просмотров

 

 

Дар доираи татбиқи «Лоиҳаи барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Оҷонсии Иёлоти Муттаҳиддаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ маблағгузорӣ мешавад, вохӯрии кории шарикони шабакаи хизматрасон дар самти амалисозии барномаҳои пешгирикунанда нисбат ба бемории сил дар байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ доир гардид.

Чорабинии мазкур дар толори конфронсии Ташкилоти ҷамъиятии маҳаллии «Амали нек» ҷараён гирифт ва дар он сармутахассиси шуъбаи муҳоҷиратҳи меҳнатӣ Диловар Муродов раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро намояндагӣ кард.

Вохӯриро сармутахассиси Раёсати тандурустии вилоят оид ба соҳаи амрози дарунӣ М. Хоҷаева ҳусни ифтитоҳ бахшида, оид ба вазъи эпидемиологии бемории сил дар вилояти Суғд муовини директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Аъзамова гузориш дод.

Дар идомаи чорабинӣ ҳамоҳангсозӣ барномавӣ оид ба таълими ТҶҶ «Афиф» С. Орифова ҳадаф ва вазифаҳои «Лоиҳаи барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ»-ро ба иштирокчиёни чорабинӣ фаҳмонид. Ҳамчунин мутахассиси барномавии ТҶҶ «Афиф» У. Ахмедов оид ба натиҷаҳои фаъолияти кӯтоҳмуддат дар доираи татбиқи «Лоиҳаи барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ» суханронӣ намуд ва  намояндаи Шӯрои гурӯҳи осебпазири аҳолӣ дар вилояти Хатлон М.Шарипова оид ба фаъолияти Шӯрои мазкур дар доираи лоиҳа ҳисобот дод.

Вохӯрии кории шарикони шабакаҳои хизматрасон баъди кор дар гурӯҳҳои хурд, коркарди лоиҳаи қарори вохӯрии корӣ ва саволу ҷавоби озод ҷамъбаст гардид.

 

Мардон ҚУРБОНОВ