Тақсимоти замин ва суръат гирифтани корҳои сохтмонӣ

294 просмотров

 

 

Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ айни замон яке аз ноҳияҳои асосии интиқолдиҳандаи муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ дар вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, сокинони ноҳия давра ба давра ба ноҳияҳои Зафарободи вилояти Суғд, Данғара ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон муҳоҷир шуда истодаанд. Як қисми онҳо аллакай дар мавзеъҳои нав умр ба сар мебаранд ва дар соҳаи кишоварзӣ муваффақ шудаанд.

Зафаробод ягона ноҳияи қабулкунандаи муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ дар вилояти Суғд аст. Давоми рӯзҳои 22 – 30 июли соли равон ба гурӯҳи навбатии муҳоҷирони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод қитъаи замини наздиҳавлигӣ тақсим гардид. Дар ин радиф аз 25 июл сафарбаркунии 14 оилаи муҳоҷирони дохилӣ ба мавзеи нав оғоз ёфт ва онҳо аллакай барои бунёди манзили зист маводи сохтмон, аз ҷумла сангу шағал омода намуданд.

Барои як гурӯҳи 23-нафараи муҳоҷирони дохилӣ аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар мавзеи Аэропорти ҷамоати шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо шуда буд ва дар он ҷо ҳоло корҳои сохтмонӣ босуръат ҷараён дорад.

Муҳоҷирон ният доранд то оғози мавсими сармо ҳамаи корҳои сохтмониро ба итмом расонида, ба манзилҳои нав кӯчанд.

Қобили зикр аст, ки муҳоҷирон аз ноҳияи Мастчоҳ баробари кӯчидан ба макони нав ба ободу зебо гардонидани он ҷо сар мекунанд ва ба деҳқонӣ машғул мешаванд. Аз дасти онҳо аллакай чандин ҷойи нообод обод гашта, ба замини кишт табдил ёфтааст.

Мардон ҚУРБОНОВ