Қарор оид ба ҷудо намудани қитъаи замин ба тавсиб расид

266 просмотров

 

 

Дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.11.2016, №506 ва қарори раиси вилояти Суғд аз 23.12.2016, №506 «Дар бораи Нақшаи миёнамӯҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2017 – 2020» соли равон бояд дар ноҳияи Деваштич 14 оилаи муҳоҷирони экологӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шаванд.

Бо ин мақсад 21 августи соли равон таҳти №672 қарори раиси ноҳия «Дар бораи додани розигӣ барои кӯчонидан ва бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин намудани муҳоҷирони экологии сокинони деҳаҳои Бобучак ва Хишекати ҷамоати деҳоти Росровут ва Метки ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳия ба ҳудуди ноҳияи Деваштич» ба имзо расид.

Дар асоси қарори мазкур барои кӯчонидан ва ҷобаҷокунии муҳоҷирони экологӣ комиссияи ноҳиявӣ таъсис ёфта, ҷиҳати интихоби қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар асоси тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои амалкунанда вазифадор гардид.

Дар ин радиф раисони ҷамоатҳои деҳоти Росровут ва Ваҳдат барои баъд аз итмоми корҳои сохтмонӣ ва ба манзили нав кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ ба гардиши кишоварзӣ ҳамроҳ намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигии дар селроҳа ҷойгирбудаи онҳо вазифадор шуданд.

Тибқи нақша муҳоҷирони экологӣ то охири моҳи сентябр дар минтақаҳои бехавф бо қитъаи замин, қарзи имтиёзнок ва кӯмаки яквақтаинаи молиявӣ таъмин мегарданд.

 

                                                                               Мардон ҚУРБОНОВ