Фаъолияти гурӯҳи корӣ дар Конибодом

241 просмотров

 

 

Бино ба иттилои мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом Боҳирҷон Шарипов рӯзи 24-уми августи соли равон бахши мазкур дар ҳамкорӣ бо шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар бозори марказӣ аксияҳои муштарак доир намуд.

Аъзои гурӯҳи кори ҳам дар байни фурӯшандагон ва ҳам дар байни харидорон корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ тақсим намуданд.

Мавзӯи асосии чорабинии мазкур муҳоҷирати меҳнатии бехатар, пешгирӣ ва мубориза бо падидаву омилҳои номатлуб, аз ҷумла шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, хушунати оилавӣ, вайроншавии оилаҳои ҷавон, ҳамзамон таълиму тарбияи фарзанд, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҳамкорӣ бо мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, рифоҷи бунёдкорию созандагӣ ва риояи қоидаҳои санитарӣ – гигиенӣ буд.

Дар умум наздик ба 150 нафар шаҳрвандон бо ташвиқоту тарғибот фаро гирифта шуданд.

 

 

                                                                Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                         дар шаҳри Конибодом