Меъмори сулҳу ваҳдат ва дастовардҳои соҳибистиқлолӣ

249 просмотров

 

         Баъди эълон гаштани Истиқлолияти давлатӣ дар кишвари азизи мо падидаҳои ҳақталошӣ, истиқлолхоҳӣ ба кашмакашиҳои манфиатҷӯёнаи сиёсӣ табдил ёфта, Тоҷикистонро вар­таи ҳалокатбор ва ҷанги бародаркушӣ фаро гирифт

Дар чунин давраи ҳассос, низоъҳои сиёсӣ, харобшавии институтҳои давлатдорӣ за­мон ва таърих шахсеро барои раҳонидан аз вартаи ҳалокат ва муттаҳидсозии мил­лат ба майдон овард, ки нияту орзуяш бо дарки худшиносии миллӣ ва ормонҳои ҳазорсолаи миллат ҳамовоз буд. Замо­ну таърих, рисолати наҷоти миллат аз парешонӣ, барқарорсозии институтҳои давлатдориро дар асоси принсипҳои муосири демократӣ, бо дарназардошти арзишҳои миллӣ ва ташаббуси оғози бу­нёди сохтмонҳои азими асри навро ба да­сти фарзанди фидокори миллат Эмомалӣ Раҳмон супорид.

Ӯ азизи ҳар хонадон ҳаст…

Барҳақ, рисолати хайрхоҳона ва сулҳҷӯёнаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва институти президентӣ чун таъминкунандаи тавозуни баробари фаъолияти идоракунӣ барои ташаккули андешаи миллӣ аҳамияти калони илмӣ доранд. Зеро танҳо ӯ чун меъмори сулҳ миёни тоҷикон, оташи ҷанги худ­куширо хомӯш намуда, ваҳдати комили миллиро баркарор намуд. Яъне Президен­ти мамлакат чун меъмори сулҳи тоҷикон, на танҳо азизи ҳар хонадони тоҷик шуд, балки таҷрибаи андӯхтааш дар ин самт дар арсаи ҷаҳонӣ баҳои баланд гирифт. Чунки миллатҳо ва давлатҳои зиёде маълуманд, ки тӯли солиёни дароз меваи талхи ҷанги шаҳрвандиро мечашанду аз вартаи он ба­ромада наметавонанд. Албатта, вобаста ба он муддати тӯлони донишмандон мақоми робитаи ҳамбастаи шахс ва таърих, созандагии инсонро дар ҷомеасозӣ кабул надоштанду бар он ақида буданд, ки нак­ши шахс дар гирдгардон намудани чархи таърих, маҳдуд аст. Вале таърихи ҷаҳонӣ худ гувоҳ аст, ки тағйироти бунёдӣ барои муайян намудани роҳу равияи созанда дар умури ҷомеасозӣ ба фаъолияти амалии шахсиятҳои алоҳида, ки нияташ аз ормо­ну иродаи қавӣ ва умқи таъриху фарҳанги халқу ҷомеа реша мегирад, вобаста аст. Инак, воқеияти замони истиқлолият ба хубӣ исбот намуд, ки ин фарзанди наҷибу некиродаи халки тоҷик ҳамчун шахсияти таърихӣ рисолати хешро дар ҷомеасозӣ ва давлатсозии миллӣ сарбаландона иҷро намуд.

Рисолати асосии Пешво – ба созиш оварданду муттаҳид намудан

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари қудрат омад, ки Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии дохилӣ гирифтор буд ва кишварро хавфи нобудӣ таҳдид мекард, мардум ба парокандагиву гуруснагиву нодорӣ ва ҷангу ҷидол рӯ ба рӯ шуда буд. Дар ин вазъи нобасомонӣ та­биист, ки рисолати асосии Пешво – ба со­зиш овардан ва муттаҳид сохтани гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа дар асоси идеяҳои нав ва арзишу идеалҳои миллӣ мебошад.

Ҳамин аст, ки яке аз хислатҳои наҷиби Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин назари нек ва ватанхоҳона ба ҳамаи минтақаҳои мамлакат баҳри рушду нумӯи онҳо мебошад. Намунаи барҷастаи чунин муносибати са­мимии Сарвари давлат ба Вилоя­ти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон арзёбӣ мегардад. Бояд гуфт, ки қаблан ягон роҳбари Тоҷикистон ин қадар сафари судманди корӣ ва силсиламулоқоти самимонаро бо мардуми вилоят накарда буд.

Бадахшон дар замони меъмори ваҳдат гул кард

Бо дастгирии ҳамаҷонибаи Пре­зиденти муаззами мо дар солҳои охир симои шаҳру навоҳии вилоят комилан тағйир ёфт. Сол аз сол теъдоди иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ ва истеҳсолии вилоят афзуда, феъ­лан ВМКБ аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфт. Ҳоло мусаллам аст, ки мардуми вилоят Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои миллат самимо­на дӯст медоранду ифтихор аз он доранд, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ кору зиндагӣ мекунанд. Ӯ ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдат тавонист дар муддати кӯтоҳи таърихӣ давлати миллиро бо тамоми рукнҳои дав­латдориаш бунёд созад ва обрӯю нуфузи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорад.

Пешравӣ дар соҳаи маорифу илм

Соли 2018 дар доираи сафари кори худ Пешвои миллат дар шаҳри Хоруғ, бинои маъмурии Раёсати маорифи вилоят, шуъ­баи маорифи шаҳри Хоруғ ва зерсохторҳои онро мавриди истифода қарор доданд. Бино аз чор ошёна иборат буда, дорои 42 ҳуҷра мебошад. Дар он зиёда аз 100 нафар корманди соҳа бо ҳуҷраҳои корӣ таъмин гардида, ҳамзамон ошхона барои 40 ҷой ва хобгоҳ барои 30 нафар корманди соҳаи маориф, ки аз ноҳияҳои дурдаст ташриф меоранд, пешбинӣ шуда буд. Бино дорои синф­хонаи компютерӣ бо 24 ҷой, китобхо­на, толори хониш, утоқҳои методӣ ба­рои фанҳои табиӣ, риёзӣ, синфҳои ибтидоӣ, забонҳо ва равияи гуманитарӣ мебошад. Ҳамчунин барои кормандони бахши Хадамоти назорати давлатии соҳаи маорифи вилоят утоқҳои алоҳидаи корӣ пешбинӣ гардидааст. Ғайр аз ин, дар ин бино чор зерсохтори Раёсати маориф ҷойгир мебошад. Дар ошёнаи яку­ми бинои Раёсати маориф, Муасси­саи давлатии «Маркази технологи­яи иттилоотии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон», синфхонаи компютерӣ, ошхона ҷойгиранд. Ҳамчунин, дар ин бино «Маркази рушди истеъдодҳо» низ ҷойгир ме­бошад. Маркази мазкур бо мақсади дарёфт ва рушди истеъдодҳо, та­шаккул додани малакаю маҳорат ва лаёқатмандии насли наврас, эҷодкориву созандагӣ таъсис ёфта, то ба имрӯз аз саросари вилоят хо­нандагонро ҷамъ овардааст.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ – боргоҳи маърифати ҷаҳонӣ

14-уми сентябри соли 2018 Прези­денти мамлакат дар шаҳри Хоруғ би­нои Донишгоҳи Осиёи Марказиро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуданд. Бинои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ дар асоси шартно­маи байналмилалӣ байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Фонди Оғохон сохта шуда, аз биноҳои таъ­лимии дуошёна ва се ошёна иборат мебо­шад.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ асосан дорои ду ихтисос, омӯзиши илм дар бораи замин ва муҳити зист ва иқтисодиёт буда, ба донишҷӯён устодон аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон бо исти­фода аз роҳу воситаҳои муосири таълим дарс мегӯянд. Ҳамаи синфхонаҳо дорои шароиту имкониятҳои муосири таълим буда, бо таҷҳизоти пешрафта таъ­мин мебошанд. Самти таълим дар донишгоҳ асосан ба тадқиқот ни­гаронида шуда, донишҷӯён бо ис­тифода аз роҳу воситаҳои муосири донишомӯзӣ, мах­сусан технологи­яи компютерӣ ба омӯзиш ва корҳои илмӣ ҷалб карда мешаванд.

Таълим дар Донишгоҳи Оси­ёи Марказӣ бо за­бони англисӣ ба роҳ монда шуда, дар он мутахассисони рақобатпазир ба бозори ҷаҳонӣ омода кар­да мешавад. Тибқи низомнома донишҷӯён тариқи шартномавӣ қабул карда меша­ванд ва ҳамзамон ба ҷавонони лаёқатманд имтиёзҳо муқаррар гардидааст.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бевоси­та дар заминаи дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пеш­вои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бунёд гардида, он барои донишҷӯёни тоҷик ва дар оянда омода на­мудани мутахассиони соҳибихтисос дар сатҳи ҷаҳонӣ заминаи асосӣ фароҳам ме­орад.

Маркази фарҳангу иҷтимоъ дар Хоруғ

Ғайр аз ин, сохтмони бинои театри миллӣ дар маркази вилоят аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 946 ҷойи ни­шаст тарҳрезӣ шудааст ва масоҳати уму­мии бино 7261, 2 м 2 – ро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, баҳри коҳиш додани эҳтиёҷоти мардуми шаҳр ба манзили зист бо иқдоми Ҳукумати кишвар аз соли 2017 сохтмони ду бинои 12 – ошёна идома до­рад.

Дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ва омодагӣ ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ моҳи марти соли ҷорӣ маркази хизматрасонӣ ва дилхушии кӯдакон “Мадагаскар – Памир” дар шаҳри Хоруғ ифтитоҳ гардид. Моҳи июни соли 2019 дар натиҷаи ҳамкории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва бахши хусусӣ дар дохили бинои тиҷоратии “Памир Плаза” маркази дил­хушии кӯдакон “Аладдин” ба истифода дода шуд.

Инчунин, дар Хоруғ барои сайёҳон 11 адад ширкатҳои сайёҳӣ ба сайёҳони дохилию хориҷӣ хизмат мерасонанд. Мавриди зикр аст, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби фонди захиравии Роҳбарияти Олии давлат Мактаби президентӣ дар шаҳри Хоруғ, хобгоҳи донишҷӯён барои Донишгоҳи давлатии Хоруғ сохта, маври­ди истифода қарор дода шуданд. Инчунин дар шаҳри Хоруғ ҳоло Маҷмааи варзишӣ бо тамоми шароити муосири варзишӣ мавҷуд аст. Феълан аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар бинои таъ­лимии Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ба маблағи умумии зиёда аз 80 миллион сомонӣ бо­суръат идома дорад.

То 30 – солагӣ даҳҳо иншооти дигар бунёд мешавад

Тибқи нақшаи аз ҷониби Ҳукумати киш­вар тасдиқшуда ба муносибати ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди вилоят сохтмон ва таъмиру азнавсозии 90 иншооти дигар аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва маблағҳои марказонидашудаи вазора­ту идораҳо, инчунин, бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Илова бар ин, дар шаҳри Хоруғ корҳои омодагӣ барои бунёди маҳалли нави аҳолинишин дар мавзеи Тем босуръат амалӣ шуда истодаанд. Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2016 – 2020 ба фароҳам овардани шароит барои рушди устувори маҳал, ташкил намудани ҷойҳои кори нав ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони вилоят ни­гаронида шудааст. Дар доираи барнома татбиқи 110 лоиҳа ва бунёду азнавсозии беш аз 1500 иншоот ба маблағи умумии беш аз 4 миллиард сомонӣ пешбинӣ шу­дааст, ки 85 фоизи он барои беҳдошти шароити инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он равона мегардад.

                                                                             Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                               дар шаҳри Хоруғ