Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ҷиҳати пешгирӣ аз мавҷи дуюми «Коронавирус» мулоқот доир гардид

219 просмотров

 

Дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон МД «Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд ва шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳр ҷиҳати пешгирии паҳншавии хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии «Коронавирус» COVID-19, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров риояи гигиенаи шахсӣ байни донишҷӯён, риояи масофаи иҷтимоӣ дар аудиторияҳо бо омӯзгорон ва донишҷӯёни ин макотиби олӣ мулоқот доир намуданд.

Дар вохӯрӣ ба омӯзгорон ва донишҷӯён расонида ва хоҳиш карда шуд, ки қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятиро ба таври ҳатмӣ риоя намуда, бе ниқобҳои муҳофизатӣ аз хона набароянд, дар нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатмӣ аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода намуда, ба таври қатъӣ фосилаи байни ҳамдигарро нигоҳ доранд.

Дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти донишгоҳ дар миёни донишҷӯён минбаъд оид ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.

                                   МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш

                            аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд