Тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирии ҷинояткориву бемориҳои сироятӣ

223 просмотров

 

 

Аз 26 август то 9 сентябри соли равон миёни сокинони ҷамоату деҳотӣ ноҳияи Варзоб бо ташаббуси гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷинояткориву бемориҳои сироятӣ, нашъамандӣ ва терроризму ифротгароӣ  корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Тавре бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб иттилоъ дод, вобаста ба гардиши хона ба хона аз ҷониби кормандони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия бо мақсади дарёфт намудани беморон бо табъи баланд ва гумонбарони «Коронавирус» дар  48816 ҳавлӣ бо фарогирии 371005 нафар шаҳрвандон 3 давр аз назорат гузаронида шуд.          Аз 3 то 8-уми сентябри соли ҷорӣ 522 нафар, аз он ҷумла 97 нафар зан, 35 нафар ноболиғ шаҳрвандони ватанӣ, ки аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ воридшудагон дар истироҳатгоҳи бачагонаи «Барқчиён» бистарӣ гардида, онҳоро муддати кӯтоҳ нигоҳ дошта, баъди натиҷаи ташхиси табибон ба макони зисташон рухсат дода шуд.

Бояд қайд кард, ки зимни вохӯриҳо бо шаҳрвандони ноҳия масъалаҳои сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ аз ҷониби сокинон, пешгирӣ аз мавҷи дуюми “Коронавирус” ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз баррасӣ карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки  бо қарори Раиси ноҳия Варзоб гурӯҳи таблиғотӣ таъсис ёфт. Намояндагони гурӯҳи мазкур бо  сокинони ноҳия мулоқоту суҳбатҳо доир намуда,  муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро  аз 26 декабри соли 2019-ро шарҳ  медиҳанд. Гурӯҳи мазкур ҳамчунин оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷинояткорӣ, бемориҳои сироятӣ, нашъамандӣ ва терроризму ифротгароӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ мемонад.

Ҳамчунин ҳайати гурӯҳи таблиғотӣ муваззаф гардидааст, ки  ба ин  мулоқоту суҳбатҳо  олимону коршиносони соҳаро ҷалб намоянд, то моҳияти масъалаҳои зикршударо бо аҳолии ноҳия ба таври возеҳ  фаҳмонанд.

Бахш ҷиҳати иҷрои саривақтии супоришҳои Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Хадамоти муҳоҷират чораҳои самарабахш меандешад.

 

                                                                        Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                      дар ноҳияи Варзоб