Дар Хуҷанд ҷиҳати пешгирии бемории «Коронавирус» корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд

187 просмотров

 

Дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати пешгирии бемории «Коронавирус»  кормандони МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд якҷоя бо ҲХДТ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирии интиқол  ва пайдоиши бемории «Коронавирус»-и нави КОВИД-19  корҳои фаҳмондадиҳиро ҳамарӯза дар байни сокинони шаҳр ҷоннок намуданд.

Ба  иттилои сармутахассиси МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» Умедахон Ҳошимова, баҳри пешгирии  бемории мазкур аз ҳисоби кормандони марказ ва аъзои ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо усули «кӯча ба кӯча» ба сокинон оид ба паҳншавии  бемории «Коронавирус» ва риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

Дар рафти мулоқот, аз сокинон даъват ба амал овард, ки аз ниқоби тиббӣ ва маводҳои антисептикӣ ба таври ҷиддӣ истифода намуда, нисбати саломатӣ ва гигиенаи шахсӣ бетарафӣ зоҳир накунанд.

Ҳамзамон бо сокинони шаҳр ва меҳмонони он аз ҷониби гурӯҳи корӣ ниқобҳои тиббии муҳофизатӣ, дастпӯшакҳо, маводҳои иттилоотиву тарғиботӣ ва маводҳои антисептикӣ тақсим карда шуда, дар ин самт чорабиниҳо идома доранд.

                                              МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш

                                    аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хуҷанд