Корҳои тарғибу ташвиқот дар ноҳияи Варзоб идома дорад

218 просмотров

 

 

 

Тавре бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб иттилоъ медиҳад, аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ тавассути ба роҳ мондани суҳбатҳои инфиродӣ ва «Хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ то замони пурра аз байн рафтани хатари бемории «Коронавирус» роҳандозӣ гардида, аъзои ситоди ноҳиявӣ вобаста шудаанд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва гардиши «Хона ба хона»-ро ҷиҳати паҳншавии мавҷи дуюми бемории сироятии «Коронавирус» то моҳи ноябри соли равон идома диҳанд.

Инчунин, баргузории тӯйу маъракаҳо тибқи муқаррарот ба роҳ монда шуда, таҳти назорати масъулини мақомоти иҷроия ва ситоди ноҳиявӣ қарор дорад.

Дар айёми паҳншавии бемории «Коронавирус» байни аҳолӣ ҷиҳати бо шумораи кам гузаронидани тӯйи арӯсиву домодӣ корҳои таблиғотӣ бурда мешаванд.

Ҳамзамон 23-юми сентябри соли ҷорӣ кормандони бахш дар ҳамкорӣ бо коршинос оид ба масъалаҳои интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – мушовири раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб Холназар Абубакров, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Варзоб Шамсиддин Маҳкамов ва фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб дар

ҷамоати деҳоти Деҳмалик деҳаҳои Такоб, Вармоник, Сафедорак бо сокинон ҷиҳати бурдани корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ оиди муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар ва бо кор таъминкунии шаҳрвандон дар дохили кишвар, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, вохӯриҳо доир намуд.

Гурӯҳи таблиғотӣ бо мақсади гузаронидани корҳои оммафаҳмонӣ дар деҳаҳои мазкур бобати таъмини ҳифзи саломатӣ, риояи қоидаҳои гигиению санитарӣ, тарзи дурусти истифодаи ниқоб, усулҳои пешгирии бемории «Коронавирус», худдорӣ намудан аз баргузории ҳар гуна чорабиниҳои оммавӣ, тоза нигоҳ доштани манзили истиқоматӣ ва дигар масъалаҳои доғи рӯз суҳбатҳо гузаронида шуд.

Ҳамчунин гурӯҳи таблиғотӣ тибқи ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои маҳбубу муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони деҳаҳои болозикр муаррифӣ гардида, ба таври васеъ тавзеҳ дода шуд. Ҳамзамон аз ҷониби гурӯҳи таблиғотӣ дарҷ гардид, ки дар маҷмуъ, мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон боз ҳам устувор мегардад ва барои рушди босуръати иқтисодии миллӣ имкони бештар фароҳам оварда мешавад. Мо бовар дорем, ки ҳамроҳ бо мардуми шарифи Тоҷикистон, нерӯҳои фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва дигар табақаҳои иҷтимоии кишвар ҳадафҳои мазкурро амалӣ намуда, барои пешрафти Тоҷикистон роҳи васеъ мекушоем ва аз худ барои наслҳои оянда як давлати бонизому устувор ва кишвари ободу зеборо ба мерос мегузорем.

Дар фарҷом аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар рӯзи интихобот фаъолона ширкат варзанд ва барои ҳадафҳои созанда камари ҳиммат баста, дар маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11-уми октябри соли 2020 таъин гардидааст иштирок намуда, ба номзадии арзандаи хеш овоз диҳанд ва дар охир аз ҷониби сокинони деҳаҳои мазкур якдилона аз номзадии арзандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ карда шуд.

                                                                        Олимзода Орифҷон Олим

                                                            сардори бахши Хадамоти муҳоҷират-

                                                          раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон

                                                       “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Варзоб