Роҳандозии корҳои пешгиркунанда

150 просмотров

 

 

 

 

Дар асоси барқияҳои Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз 27.03.2020, №16/1-88 ва аз 30.06.2020, №16/1-191 “Оид ба роҳандозии корҳои пешгирикунанда, иттилоотию маърифатӣ ва чорабиниҳои эпидемикӣ барои пешгирии сироятёбӣ ба бемории “Коронавирус” бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич ҳафтаи равон ҳам дар ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои ташвиқотию тарғиботии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ корҳои муайянро ба иҷро расонд.

Тавре мудири бахш Санавбар Баҳодурова иттилоъ дод, ташвиқоту тарғибот ҳам дар ҳуҷраи кориву толор ва ҳам дар сари роҳу ҷойҳои ҷамъшавии теъдоди одамон ҷараён гирифт. Дар ин радиф усули гардиши хона ба хонаро низ истифода бурданд.

Ҳамин гуна як чорабинии миқёсан калон дар маркази ноҳия – шаҳраки Ғончӣ гузаронида шуд. Дар радифи дигар маърӯзачиён мудири бахши Хадамоти муҳоҷират низ суханронӣ намуда, аҳли ҷомеаро ба сабру таҳаммул, риояи қоидаҳои санитарӣ – гигиенӣ ва бовар накардан ба ҳар гуна овозаҳои беасос даъват кард.

 

                                                                                         Мардон ҚУРБОНОВ