Мулоқот дар ҷамоати шаҳраки Суғдиён

148 просмотров

 

Бо мақсади таъмини иҷрои бандҳои 8 – 9 Протоколи маҷлиси назоратии назди Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.10.2020, №1 – 21 ва Барқияи Хадамоти муҳоҷират аз 19.06.2020, №16/1-191 рӯзи 30-юми сентябр бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ҷамоати шаҳраки Суғдиён мулоқот доир гардид.

Дар ин чорабинии иттилоотӣ – маърифатӣ 80 нафар намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ширкат варзиданд.

Мавзӯи асосии баррасишуда муҳоҷирати бехатар ва мубориза бо хатарҳои замони муосир буд. Зимни суханронии худ мудири бахш Маҳадбоқӣ Қурбонов навгониҳои қонунгузории федералии Федератсияи Россия вобаста ба муҳоҷират ва қоидаҳои муҳоҷирати бехатарро ба иштирокчиён фаҳмонид. Ҳамзамон онҳоро ба риояи ҳатмии қоидаҳои санитарӣ – гигиенӣ ҷиҳати пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории КОВИД – 19 даъват намуд.

 

                                                             Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                        дар ноҳияи Мастчоҳ