Дар урфият мегӯянд, «бори каҷ ба манзил намерасад»

165 просмотров

 

Роҳбарони созмони экстремистию террористии ҲНИ Созишномаи умумии истиқори сулҳ ва ризояти миллиро зери по гузошта, соли 2015 даст ба ошӯбу табаддулоти давлатӣ заданд ва ҳадафу мақсади нопоки худро фош намуданд. Тайи солҳои охир бошад, фаъолияти тахрибкоронаи худро дар кишварҳои Аврупо торафт таҳким бахшида, тавассути шабакаи иҷтимоии интернет ва дигар расонаҳои хабарӣ  ба зидди Ҳукумат ва мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таблиғоти густурда ва гумроҳкунандаро ба роҳ монда, туҳмату буҳтон паҳн намуда, нуфузу ҳайсияти  кишвари моро дар сатҳи байналмилалӣ  паст заданӣ шуданд. Вале дар урфият мегӯянд, ки «бори каҷ ба манзил намерасад». Солҳои охир бисёр пардаҳо аз рӯйи хиёнату ҷиноятҳои ин созмони тахрибкори террористию эксртемистӣ бардошта мешавад ва симои аслии роҳбарон ва хоҷагони хориҷии онҳо дар назари ҳамагон намоён мегардад. Ба ин филми мустанади «Хиёнат» мисоли возеҳу равшан мебошад.

Аҳамияти актуалӣ ва муҳимми ин филмнома ифшо кардани дурӯғу найрангҳо ва нақшаҳои тахрибкоронаи роҳбарони ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ ва хоҷагони хориҷиашон мебошад, ки бар хилофи ваъдаҳои худ амал карда, фаъолияти тахрибкоронаи  худро  дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди мардуми худ ва меҳмонони хориҷӣ ба роҳ мондаанд.

Яке аз нуқтаи муҳимми филми «Хиёнат», ки диққати тамошобинро ба худ бештар ҷалб намуд, намоиш ва ифшо намудани амалҳои ғайрибашарӣ ва ғайришариятии ташкилоти террористию экстремистии собиқ ҳизби наҳзати ислом, инчунин, таҳлили муқоисавии амалҳои зиддибашарии ташкилоти террористию экстремистии собиқ ҲНИ бо «ДОИШ»  ва дигар созмонҳои террористиву экстремистии байналмилалӣ мебошад.

Ба ҳамагон аён гардид, ки амалҳои  ташкилоти террористию эктремистии собиқ ҳизби наҳзати ислом аз дигар ташкилотҳои террористию экстремистии байналмилалӣ ҳеҷ камбудӣ ва фарқияте надошта, монандиву алоқамандии зич дида мешавад. Маълум мешавад, ки амалҳои террористии онҳо аз ташкилотҳои дигари террористии байналмилалӣ бадтар ва пурваҳшатанд. Таҳлили ҳамокриҳои ташкилоти террористию экстремистии собиқ ҲНИ нишон медиҳад, ки он ҷузъи ҷудонашвандаи ташкилотҳои байналмилалии террористӣ ба шумор рафта, мақсадашон бесуботии давлат аст.

Бояд қайд намуд, ки дар филми мазкур маълумоти пурраи шарҳи ҳолӣ, кирдорҳои ҷиноятӣ, одамфиребӣ, ҳилаву найранги гургонаи онҳо ба мардум,  амалҳои ғайриинсонӣ ва ғайриахлоқии роҳбарият ва ҳар як аъзои ТТЭ собиқ ҲНИ  намоиш дода шуда, чеҳраи аслии онҳоро мардуми тоҷик шинохтанд, ки онҳо кистанд ва чӣ хиёнате нобахшидани дар ҳаққи миллати худ кардаанду ва боз дар пайи бесубот кардани Тоҷикистонанд.

Дар филми мазкур дида мешавад, ки   аъзоёни маҳбусии ташкилоти террористию эктремистии собиқ ҳизби наҳзати ислом аллакай аз кардашон пушаймонӣ мекунанд ва дигаронро  тавсия медиҳанд, ки фирефтаи дурӯғпардозиҳо, ваъдаҳои хушку холӣ ва найрангҳои аҳримании роҳбарияти ташкилоти террористии мазкур нагарданд. Илова бар ин, аъзоёни маҳбусии ин ташкилоти террористӣ  аз  кирдорҳои ғайрибашарии худ ва хиёнати кардашон  сахт пушаймонӣ мекунад ва худро қурбонии дасти гургони ташкилоти террористию экстремистии собиқ ҲНИ меҳисобанд.

Хулоса мардуми тоҷик баъди тамошои қисмате аз филм, ки корҳои ғайрибашарии  аъзоёни террористию эктремистии собиқ ҳизби наҳзати исломро ифшо кард, аллакай хулосагирӣ намуданд ва дарк карданд, ки маҳз сади роҳи тамоми пешравиҳои иқтисодию иҷтимоии кишвари мо то ба имрӯз аз таъсири  бесуботиҳои ТТЭ собиқ ҲНИ  ва ҷинояткориҳои аъзои он дар Тоҷикистон шуданд.

                                                                              Т.Шарипов

                                               муовини сардори Хадамоти муҳоҷират