НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ ДАР 9 МОҲИ СОЛИ ҶОРӢ БАРРАСӢ ГАРДИДАНД

139 просмотров

 

19 октябри соли 2020 таҳти раёсати Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода маҷлиси васеи Ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он натиҷаҳои фаъолияти вазорат ва сохторҳои он  дар нуҳ моҳи соли 2020 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар ҷаласаи мазкур кормандони масъули дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони сатҳу зинаҳои гуногуни хадамотҳои муҳоҷират, назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ иштирок доштанд. Инчунин роҳбарони сохторҳои вазорат дар вилоятҳо ва минтақаҳои ҷумҳурӣ тариқи онлайн дар ҷаласаи мазкур ширкат варзиданд.

Дар оғоз аз ҷониби муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло  рунамои ҳисобот «Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2020”  пешниҳод гардид. Зикр гардид, ки дар нуҳ моҳи соли равон Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро дар партави дастуру супоришҳо аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 ва маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020, муқаррароти барномаҳои страгегии мамлакат ва ҳадафҳои рушди миллӣ ислоҳоти соҳаро ба роҳ монда, дар давраи баррасишаванда ба як қатор натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Таҳлили дастовардҳо собит месозанд, ки дар заминаи нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ аз устувории сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон ва ботадриҷ баланд гардидани обрӯю эътибори давлат шаҳодат медиҳанд. Дар давраи баррасишаванда бо мақсади мустаҳкам ва фароҳам овардани заминаҳои меъёрии ҳуқуқии  соҳа 7 лоиҳа қабул, 6 лоиҳа дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва 4 лоиҳа дар мувофиқаи вазорату идораҳо қарор доранд.

Масъалаҳои сатҳи зиндагии аҳолӣ ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти Ҳукумати Тоҷикистон ва вазорат қарор доранд.

Ин буд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва кормандони соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 августи соли 2020 №1580 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» ба имзо расида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани он қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои амалишавии фармони мазкур ба тасвиб расид.

Тибқи омори расмӣ ба ҳолати сентябри соли равон музди меҳнати миёнаи номиналии кормандони ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ 1341,36 сомониро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1,0 фоиз афзоиш ёфт.

Музди миёнаи меҳнати кормандони кироя дар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар ВМКБ – 1268,07 сомонӣ, вилоятҳои Суғд – 1197,14 , Хатлон – 1010,03, шаҳри Душанбе – 2007,04 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 1133,04 сомониро ташкил медиҳанд.

Масъалаи пардохти саривақтии музди меҳнат ва пешгирии афзоиши қарзи музди меҳнати ташкилоту муассисаҳо дар назди кормандон таҳти назорати вазорат,  вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор дорад. Бо мақсади пешгирии пайдошавии қарзи музди меҳнати кормандон  ва таъмини шаффофияти нишондиҳандаҳои омории он дар ҳама ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликият дар маҷлисҳои назоратии назди Вазир мунтаззам мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Масъалаҳои танзими муҳоҷирати аҳолӣ яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор рафта, зери таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Дар  нуҳ моҳи соли 2020 тибқи маълумоти варақаҳои муҳоҷиратӣ аз ҷумҳурӣ 129 807 нафар  ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 170 477 нафар ё ин ки 57 фоиз кам буда, 117 912  нафари онҳо ба Федератсияи Россия ва 4 574 нафарашон ба Ҷумҳурии Қазоқистон рафтаанд. Бозгашти муҳоҷирони меҳнатӣ ба Ватан бошад дар давраи ҳисоботӣ 90 333 нафарро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 52 фоиз кам мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки айни замон бо мақсади муайян намудани дурнамои раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва таҳияи пешниҳодҳо ҷиҳати мукамалсозии сиёсати давлатии муҳоҷират дар асоси фармоиши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи пешниҳодҳо ҷиҳати мукамалсозии сиёсати давлатии муҳоҷират аз ҳисоби кормандони  дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои он таъсис дода шуд.

Дар нӯҳ моҳи соли равон ба Намояндагии вазорат дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират 30 768 муроҷиату дархости муҳоҷирони меҳнатӣ ворид гардида, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Аз ҷумла, 14 652 муҳоҷирони меҳнатӣ ба Намояндагии вазорат дар давраи пандемия бемории навъӣ  COVID -19 муроҷиат намуданд.

Инчунин,  бо дахолати кормандони Намояндагӣ  дар нуҳ моҳи соли равон 12 млн. 463 ҳазору 848 рубли руси музди меҳнати пардохтнашудаи муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони кишварамон аз тарафи корфармоён баргардонида шуда, 20 қарори судҳои ноҳиявӣ нисбати шаҳрвандони мо бо қарорҳои судҳои болоии Федератсияи Россия бекор карда шуданд.

Дар давраи ҳисоботи тибқи нақшаҳои тасдиқшуда дар ҷумҳурӣ 296 оилаи муҳоҷирони дохилӣ ва 234 бо қитъаҳои замин барои сохтмони манзил таъмин гардида, муҳоҷирон дар мавзеъҳои нави зист ба қайд гирифта шудаанд.

Дар ин муддат ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 102533 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуданд, ки 76268 нафари онҳо ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, ба 42282 нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд.

Тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар маҷмӯъ, 52743 нафар шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд. Бо мақсади мусоидат барои дарёфти ҷойи кори муносиб дар ҷумҳурӣ тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар маҷмӯъ, 554 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуда, дар ин ярмаркаҳо 6173 корхонаю муассисаҳо иштирок намуда, аз ҷониби онҳо 90611 ҷойҳои кории холӣ пешниҳод гардид. Дар натиҷаи баргузории ин чорабинӣ 7936 нафар шаҳрвандон ба ҷойи кор роҳхат гирифта, аз ин шумора 5903 нафар бо ҷойҳои корӣ таъмин гардида, ба 4149 нафар шаҳрвандон роҳхат барои касбомӯзӣ дода шуда, 1310 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар карда шуданд.

Тайи давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ҷиҳати машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба 2469 нафар шаҳрвандони бекор 7 млн. 698,3 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ дода шуд. Ба 10234  нафар шаҳрвандон ба маблағи 5 млн 615,5 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ барои давраи бекорӣ таъин ва пардохт гардид, ки ин 116,0 фоизи дурнамои солонаи барномаро ташкил медиҳад.

Дар давраи мадди дар муассисаҳои таълими касбии вазорат ва дигар муассисаҳои таълимии дар ҷумҳурӣ фаъолиятдошта 62265 нафар шаҳрвандон ба курсҳои кутоҳмуддати тайёрии касбӣ ва Тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия ҷалб гардиданд.

Дар соли таҳсили 2020 – 2021 теъдоди хонандагони муассисаҳои давлатии таълимии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз 22491 нафар иборат мебошад, ки аз ин шумора 4354 нафар духтар буда, аз шумораи умумӣ 19809 нафар дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва 2682 нафар дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсил намуданд. Аз шумораи умумӣ 176 нафарро (62 духтар) маъюб ва 146 нафар (52 духтар) ятими кулл ташкил медиҳад. Бо мақсади дар муддати панҷ соли оянда соҳибкасб гардонидани шаҳрвандони синну соли аз 18-сола боло лоиҳаи “Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” пас аз дар баррасӣ дар гурӯҳи корӣ барои мувофиқа намудан бо вазорату идораҳои дахлдор, тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

Дар муҳокимаи ҳисобот доир ба натиҷаҳои фаъолият, дастовардҳо ва мушкилоти ҷойдошта  роҳбарони Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони сохторҳои вазорат дар маҳалҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимии вазорат ва дигар корхонаву ташкилотҳои тобеи вазорат гузориш доданд.

Дар хотимаи ҷаласа аз ҷониби вазир муҳтарам Ҷабборзода Гулрӯ ба масъулин барои иҷрои саривақтӣ ва босифати супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишондиҳандаҳои барномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ, омодагии пурра ба давраи зимистон дар муассисаҳои таълимӣ ва дигар масъалаҳо супоришҳои қатьӣ дода шуданд.

 

                                                           Шуъбаи ташкилӣ

                             ва матбуоти Раёсати котиботи Вазорати меҳнат,

                                                       муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ