БА ДИҚҚАТИ ҲАМВАТАНОНИ ГИРОМӢ-МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ!

146 просмотров

 

 

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират ба диққати муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони ҶТ мерасонад, ки дар ш. Москва бо сарпарастии фонди Viva Glam, маркази федералии ВНМО (СПИД) ва гурӯҳи коршиносии минтақавӣ доир ба сиҳатии муҳоҷирони кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар заминаи бунёди хайриявии “Шаги” (“Қадамҳо”) лоиҳаи башардӯстона ҷиҳати пешгирии бемориҳои ВНМО (СПИД) ва COVID-19 “Қадам ба солимӣ” роҳандозӣ шудааст. Ҳадафи асосии барномаи мазкур солим нигоҳ доштани муҳоҷирони меҳнатӣ дар давраи пандемияи COVID-19 мебошад.

Дар доираи лоиҳа хоҳишмандон метавонанд ройгон ва ба таври махфӣ ташхиси таъҷилиро барои муайян кардани бемориҳои ВНМО, гепатити В, С ва сифилис гузаранд ва маводи зарурии пешгирикунандаи бемориҳои ВНМО ва COVID-19 гиранд.

Ҳамзамон, дар ҳолати зарурӣ, тариқи платформаи маҷозӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва телефонҳои фонд ба муҳоҷири меҳнатӣ машварати мутахассиси бемориҳои сироятӣ, генетикӣ, равоншинос ва коршиноси наркология дода мешавад. Бояд зикр намуд, ки тамоми машваратҳо ройгон ва махфӣ, аз соати 14:00 то 19:30 рӯзҳои душанбе-ҷумъа, бо телефонҳои +7967-079-71-45, +7915-462-55-21, +7915-452-83-92 сурат мегиранд.

 

               Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии

                                                                  ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират