Сил-сила чорабиниҳо дар Суғд

148 просмотров

 

Корҳои безараргардонӣ дар бозор

 

Бо салқин шудани ҳаво хавфи бештар паҳн шудани бемориҳои сироятӣ ба миён омада, имрӯзҳо вобаста ба ислоҳи вазъият дар ноҳияи Ашт низ корҳои пешгирикунанда ва фаҳмондадиҳӣ ҳамарӯза роҳандозӣ мешавад. Аз ҷумла дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи кори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аъзои ситоди ноҳиявӣ ва фаъолони ҷомеа бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт дар бозори шаҳраки Шайдон корбарӣ намуд.

Мақсад аз ташкили чорабинии мазкур пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ, бохабар намудани шаҳрвандон аз хатари бемории СОВИД – 19 ва дигар маризиҳои сироятӣ, муътадил нигоҳ доштани нархи молу маҳсулот буд.

Дар ҳамаи растаҳои бозор корҳои профилактикӣ ва безараргардонӣ гузаронида, тоҷирону фурӯшандагон ва масъулини бозор ҷиҳати ба таври сунъӣ боло набардоштани нархҳо, ба қадри зарурӣ захира намудани маводҳои антисептикӣ, ҳароратсанҷ ва ниқобҳои муҳофизатӣ, дар даромадгоҳи дӯкону мағозаҳо ташкил намудани санҷиши ҳарорати бадани шаҳрвандон ва дигар корҳои безараргардонӣ вазифадор шуданд.

Бино ба иттилои мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт Сулҳия Назарова иқдоми мазкур дар дигар бозору фурӯшгоҳҳои калон ва ҷойҳои серодам идома дода мешавад.

 

                                                                      Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                        дар ноҳияи Ашт

 

 

Бо мадади рӯзноманигорон

 

Дар чорабиниҳои муштараки шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара, шуъба иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, кор бо занон ва оила ва бахши рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳр рӯзноманигорони нашрияи «Насими Исфара» низ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Чорабинии иттилоотӣ – маърифатӣ ин навбат дар деҳаҳои Сомониён ва Хоҷаи Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ гузаронида шуданд.

Дар умум ба корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқотию тарғиботӣ зиёда аз 120 нафар шаҳрвандон: муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, омӯзгорону табибон, раисони маҳаллаҳо, ходимони дин ва фаъолон фаро гирифта шуданд.

Дар ҳар ду мулоқот ҳам сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара Мустақим Ахмедов вобаста ба чораҳои бехатарӣ ва муҳофизатӣ аз сироятёбӣ ба бемории «Коронавирус» изҳори андеша намуда, насли ҷавонро ба сарбаландона ба ҷо овардани хизмати Ватан даъват кард ва ба саволҳои иштирокчиён посух дод.

 

                                                                    Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират

                                                                                     дар шаҳри Исфара

 

 

Мулоқот дар шаҳраки Обшорон

 

Ноҳияи Мастчоҳ, ки бо сокинони меҳнатқарину фарҳангпарвараш аз қадимулайём маълуму машҳур аст, яке аз ноҳияҳои калонтарини аграрии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад. Айни замон дар миқёси ноҳия ҷамъоварии ҳосили пахта ва дигар зироатҳо босуръат идома дорад. Кишоварзон бо рӯҳбаландӣ аз сафари кории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияашон илҳом гирифта, азм доранд нақшаи истеҳсоли «тиллои сафед»-ро то Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷро расонанд.

Имрӯзҳо, ки пиру ҷавон дар саҳро қарор доранд, ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории КОВИД – 19 ва дигар касалиҳои гузаранда ҳам чораҳои амалӣ андешида мешавад. Дар ин самт бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия низ саҳми худро гузошта истодааст.

Аз ҷумла дар мулоқоте, ки дар ҷамоати шаҳраки Обшорон бо ибтикори бахш ташкил шуд, асосан мавзӯи пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои гузаранда, ҳамзамон муқовимат бо терроризм ва экстремизм мавриди баррасӣ қарор гирифт.  Дар ин чорабинӣ 60 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо иштирок намуданд.

Дар назди онҳо мудири бахш Маҳадбоқӣ Қурбонов суханронӣ кард ва ба пурсишҳояшон ҷавоб дод. Ҳамин гунна чорабинӣ дар ҷамоати деҳоти Навбаҳор ҳам гузаронида шуд.

 

                                                                   Бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                               дар ноҳияи Мастчоҳ