Ҷаласаи ситоди корӣ дар вилояти Суғд

126 просмотров

Дар робита ба иҷрои супориши Протоколи маҷлиси Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми сентябри соли 2020, №11 бо мақсади бартарафсозии қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат таҳти сарварии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода рўзи 10 декабри соли равон гурўҳи кори вазорати мазкур ба вилояти Суғд ташриф овард. Дар доираи ин сафари хизматӣ Ширин Амонзода шахсан бо Раиси вилояти Суғд вохўрда, ба сохторҳои зертобеи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Раёсати Хадамоти муҳоҷират, Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, шуъбаю бахшҳои онҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Айнӣ ва Шаҳристон, Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Филиали МД «Агентии бо кор таъминкунӣ дар хориҷа», КВД «Маркази таълимии Хуҷанд», литсейҳои касбӣ – техникӣ ташриф оварда, бо шароити кор,рафти фаъолият ва вазъияти ҷойдошта аз наздик шинос шуд.

Аз ҷумла, дар дастгоҳи Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд аз утоқҳои корӣ дидан намуда, бо аҳли ҷомеаи меҳнатӣ мулоқот орост.

Мақсади асосӣ аз ташрифи вазир ва гурўҳи кори вазорат, тавре болотар ишора шуд, асосан баррасии масъалаи пардохти қарзи музди меҳнат ва андешидани чораҳои амалӣ оид ба давра ба давра аз байн бурдани қарздорӣ буд.

Масъалаи мазкур дар ҷаласаи ситоди сайёр, ки 12-уми декабр дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки вазир Ширин Амонзода, муовини сарпарасти Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ, аъзои гурўҳи кори вазорат ва ситоди вилоятӣ, раисони ситодҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Зафаробод, Мастчоҳ ва Ашт, сардори Сарраёсати омори вилоят, роҳбарони Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ ноҳияҳои дахлдор, сарварони корхонаву ширкатҳои аз ҳисоби музди меҳнат қарздор буда ва дигар шахсони масъул доир гардид, ба таври васеъ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулинро вазифадор намуд, ки бобати марҳила ба марҳила пардохт намудани қарзи музди меҳнат ва кам кардани он ҷадвал тартиб дода, корбариро аз рўи он ба роҳ монанд ва чораҳои фаврӣ андешанд. Барои иҷрои фаврии супоришҳои додашуда 10 рўз муҳлат муқаррар гардид.

 

                                                                   Мардон ҚУРБОНОВ