Дар Хадамоти муҳоҷират Рӯзи байналмилалии муҳоҷир таҷлил гардид

147 просмотров

 

18-уми декабр дар Хадамоти муҳоҷират бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷир ҳамоиш баргузор гардид.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода оғоз гардида, қайд карданд, ки дар баробари Тоҷикистон дар бисёр мамлакатҳои дигар ин рӯз ҷашн гирифта шуда, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ дар навбати худ паҳн намудани маълумотҳо оид ба ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосии муҳоҷиронро бо роҳи гузаронидани чорабиниҳои гуногун ва семинарҳои корие, ки қонун дар бораи муҳоҷиронро дарбар мегиранд, саҳми худро мегузоранд.

Қобили зикр аст, ки 4 декабри соли 2000 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар асоси резолютсияи 55/93 18 декабро Рӯзи байналмилалии муҳоҷир эълон намуд. Ҳамчунин соли 1990 аз ҷониби ин ташкилоти бонуфӯз Конвенсияи байналхалқи оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо қабул карда шудааст. Санаи 8 январи соли 2002 Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ин Конвенсия аъзо гардида, аз соли 2003 ҳукми қонунӣ пайдо кард. Мақсади асосии Конвенсия ноил шудан ба ҳалли мушкилот ва дар сатҳи лозима ҳимоя намудани ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо буда, масъалаи мазкур ҳамеша дар маркази диққати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Сардори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои расмии худ ба кишварҳои хориҷа бо кору фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ шинос гардида, дар рафти ба имзо расонидани созишномаҳои байнидавлатӣ оид ба ҳамкори бо дигар давлатҳо манфиатҳои муҳоҷирон ба эътибор гирифта мешавад.

Бояд қайд намуд, ки Конвенсия дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар сатҳи ҳуқуқи байналмилалӣ заминаи ҳуқуқии нисбатан васеъро ифода намуда, талаботи ниҳоии ҳимояи ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро муайян намуд ва муҳоҷирони меҳнатӣ на танҳо қувваи корӣ ё захираи иқтисодӣ, балки мавҷудияти инсонӣ буда, дорандаи ҳуқуқи башар мебошанд.

Муҳтавои Конвенсияи байналмилалии СММ-роҶумҳурии Тоҷикистон эътироф намуда, 7 сентябри соли 2000 ба оншомил шуда,28 ноябри 2001, №462 бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон онро маъқул дониста ва аз соли 2002 дар қаламрави ҷумҳурӣ қувваи ҳуқуқӣ пайдо намуд.

Дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат бо мақсади ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатии  шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ва ҳимояи ҳифзи ҳуқуқи онҳо як қатор созишномаҳои байни ҳукуматӣ бо Федератсияи Россия,Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва  Ҷумҳурии Белорус ба имзо расонида шуданд.

Ҳамчунин, бо назардошти он, ки тайи солҳои охир дар қонунгузории давлати асосии қабули муҳоҷирони меҳнатии мо Федератсияи Русия тағйиротҳо ворид гардидаанд, Хадамоти муҳоҷират тариқи расонаҳои хабарии электрониву матбуотӣ корҳои фаҳмондадиҳӣоид ба танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, омодасозии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ва пешгирии ҳолатҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва пешгирии хатарҳои сироятёбӣ аз вируси норасоии масъунияти одам ва дигар бемориҳои сироятӣ дар раванди муҳоҷират роҳандозӣ намуда истодааст.

Муҳоҷирати меҳнатӣ дар баробари мушкилоти ҷойдоштааш дар ин самт, аз бисёр ҷиҳат манфиатнок ҳам ҳаст.Аз ҷумла, шаҳрвандони Тоҷикистон тайи 20 соли охир тавонистанд, ки дар минтақаҳои мухталифи Россия ва Қазоқистон корхонаву марказҳои хизматрасонӣ ташкил намуда, ба дигар муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ҷиҳати пайдо намудани ҷои кор мусоидат намуда, миллати тоҷикро дар миёни дигар қавму миллатҳо муаррифӣ намоянд.

Тавассути муҳоҷирони меҳнатӣ, намояндагони дигар миллатҳои маскуни Федератсияи Русия аз расму оин, суннатҳои миллӣ, урфу одат, фарҳангу забон ва бисёр ихтирооти дигари миллии мо огоҳӣпайдо намуда, дар шинохти миллати тоҷик ва фарҳанги он маълумотҳои муфид мегиранд. Дар ин ҷода саҳми ташкилотҳои ҷамъиятӣ(диаспорахо)хеле назаррасбуда, ҳар иду маъракаҳои фарҳангиву иҷтимоӣ муаррифгари маданияту фарҳанги  халқи тоҷик гардида истодаанд, – афзуд Т. Каримзода.

Сипас дар назди ҳозирин муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ баромад намуда, табрикотии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Ширин Амонзодаро бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷир расонид. Зимни баромади хеш ӯ қайд карданд, ки ҳамасола дар ин рӯз ҷомеаи байналмилалӣ даъват ба амал меоранд, ки давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ таваҷҷӯҳи хосаро ба шумораи зиёди муҳоҷирон, ки дур аз ватананд ва дар холати вазнин қарор доранду ба кӯмаку дастгирӣ ва ҳимояи худ эҳтиёҷ доранд, равона созанд.

Бояд арз намуд, Хадамоти муҳоҷират дар давоми фаъолияти худ, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти маҳбуби кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ” – ро таҳия намуд, ки барои дуруст ба роҳ мондани сиёсати муҳоҷирати меҳнатӣ дар кишвар заминаи боэътимод мегузорад.

Дар фарҷом корманди масъули бахши робита бо ҷомеа Нурулло Ғафуриён сомонаи навтаъсиси Хадамоти муҳоҷиратро infomuholir – Роҳнамои муҳоҷирони тоҷик ба иштирокчиён шарҳу тавзеъ дод. Ҳамчунин ба чанд нафар аз кормандони фаъоли дастгоҳи Хадамот барои хизмати содиқона ва иҷрои саривақти вазифаҳои хизматӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷир “Ифтихорнома”-и Хадамот супорида шуд.

                                                                                          Анвар ЮСУПОВ